Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, мегӯяд, чаҳор рӯз боз нафари таҳти ҳимояташ дар дастрас нест ва наметавонад бо ӯ тамос барқарор кунад. Николаев ин ҳарфҳоро имрӯз, 19 март, дар саҳфаи Твиттер ва Фейсбукаш навиштааст.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кардааст, дар фурудгоҳи Дубай дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешуд. Ахиран додгоҳи Дубай дархости Тоҷикистон барои истирдоди сареи Қувватов ба Душанберо рад карда ва гуфта буд, мурофиа оғози моҳи апрел идома хоҳад кард.
Вакили дифои Қувватов дар саҳфаи Твиттер ва Фейсбуки худ менависад, «нерӯҳои амниятии Тоҷикистон тавонистаанд тавассути амниятиҳои маҳаллӣ ба Қувватов дар боздоштгоҳ сӯиқасд кунанд.» Ба қавли Николаев, ҳамроҳони Қувватов дар боздоштгоҳ гуфтаанд, ки ӯро ду рӯзи пеш ба самти номаълум бурдаанд. «Дигар бо Умаралӣ Қувватов тамосе нест», - навиштааст Николаев.
Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ҳоло барои мушаххас кардани ҷои будубоши Умаралӣ Қувватов дархост омода мекунанд.
Умаралӣ Қувватов дар моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомоти тоҷик ӯро дар дуздии 6 миллион доллар маблағи ширкатҳои Тоҷирон ва Фароз муттаҳам медонанд. Ҷаноби Қувватов тобистони соли гузашта ба Маскав рафта, аз таъсиси созмони сиёсӣ ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон - "Гурӯҳи 24" хабар дод. Ӯ дар изҳороти худ ба унвони раҳбари ин гурӯҳ гуфта буд, дар интихоботи соли 2013 бояд Эмомалӣ Раҳмон ширкат наҷӯяд.
Ozodagon
Тамоси Умаралӣ Қувватов бо наздиконаш қатъ шуд
Ба иттилои Николай Николаев, яке аз муттафиқони соҳибкори норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки чаҳор рӯз пеш Қувватовро аз утоқи нигаҳдориаш дар зиндони шаҳри Дубай берун бурданд ва ӯ дигар барнагашт. Ба иттилои ӯ, дар ин бора ба онҳо ду рӯз пеш аз тариқи занги телефонӣ як ҳамутоқи Қувватов дар зиндони Дубай маълум шудааст.
Чаҳор рӯз шуд, ки ӯ на бо мо ва на бо хешу наздиконаш дар тамос нест. Баъди он ки ӯ ба зиндон интиқол дода шуд, якбора нопадид шуд. Ҳоло тамоми талош ба харҷ дода шудааст, ки маҳалли буду бош ва ҳам аҳволи ӯ муайян шавад.
Ба иттилои ӯ, баъди додгоҳ, Қувватов ба яке аз зиндонҳои Дубай интиқол ёфт, ки ин ҷо барояш шароити нисбатан беҳтар фароҳам буд. Аз ҷумла, ӯ ҳақ дошт ҳар шом бо наздиконаш телефонӣ дар тамос шавад. “Ду рӯз пеш як ҳамутоқи ӯ аз зиндон бо мо тамос гирифт ва гуфт, ки соатҳои дуи шаб омаданд ва ӯро аз зиндон берун бурданд. Ва баъди ин ӯ нопадид шудааст”.
Николай Николаев гуфт, аҳли хонаводаи Қувватов, ки дар Маскав ба сар мебаранд, “пайваста таҳдид мешаванд”. Айни замон, ӯ гуфт, ки эҳтимоли “рабуда шудани Қувватовро” тасдиқ карда наметавонад.
10 март Додгоҳи шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб талаби ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати истирдоди Умаралӣ Қувватов ба ин кишвар рад кард ва мурофиаи додгоҳиро то 10-уми апрел мавқуф гузошт. Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" ва "Тоҷирон" аст, ки тобистони соли 2012 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кард. Ӯ бо ташкили "Гурӯҳи 24" дар хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бояд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 иштирок накунад.
Пас аз эълони "Гурӯҳи 24" моҳи сентябри соли 2012 Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри санаде Умаралӣ Қувватовро ба “девонагӣ” муттаҳам кард. Вазорат гуфт, Қувватов аз соли 1998 ба ин сӯ дар қайди бемориҳои руҳист. Ҳамчунин, наворҳое дар шабакаи Ютюб пайдо шуданд, ки дар онҳо гуфта мешавад, Умаралӣ Қувватов аҳли тасаввуф аст ва ӯ сӯфигиро дар Афғонистон қабул кардааст.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.
Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январи соли 2013 дар як изҳорот бо нигаронӣ аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов гуфта буд, ки ӯ дар сурати истирдодаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд.
Ozodi