Нуралӣ Ҳайдаровро парронданд, ё дар об ғарқ шуд?

Нуралӣ Ҳайдаровро парронданд, ё дар об ғарқ шуд?

Наздикони Нуралӣ Ҳайдаров, сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯянд, ки дар пешонаи ӯ пайи тирро дидаанд.

Хонаводаи Нуралӣ Ҳайдаров, сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯянд, ҷасади фарзанди худро баъд аз якуним соли хидматаш дар қисми ҳарбии 2803-и Ишкошим гирифтаанд, ки ба қавли онҳо гӯё аз пешонааш тир хӯрда, қисме аз рӯяш низ сӯхта будааст. 

Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус 3 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз дар бораи марги Ҳайдаров санади расмӣ дарёфт накардаанд ва, аз ин рӯ, иллати фавти ӯ барояшон маълум нест. Вале ҳамсӯҳбати мо дар комиссариати ҳарбӣ, ки ба далели ифшо нашудани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо баъд аз даъвои падари Нуралӣ ба таҳқиқи ин мавзӯъ хоҳанд пардохт. 

Абдуалим Исмоилзода, раиси ноҳияи Шаҳритус, низ гуфт, барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Нуралӣ Ҳайдаров рафта, ба хонаводааш кумак кардаанд, аммо онҳо низ дар бораи марги ӯ чизе намедонанд. "Ба мо гуфтанд, ки ташхиси ҷасадро дар вилояти Бадахшон анҷом додаанд ва нусхаи он ба мо нарасидааст. Аз ин рӯ, чизе гуфтан дар ин бора мушкил аст. Чизе, ки ҳоло медонем, ҳамон гуфтаҳои падараш ҳаст," -- афзуд Исмоилзода. 

Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш баҳори соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда, чор рӯз пеш ҷасади беҷони ӯро як гурӯҳ аз низомиён ба хонаашон оварда супурдаанд. "Онҳо ҳатто нагузоштанд, ки чеҳраи писарам ба мардум нишон дода шавад. Фақат гуфтанд, ки гӯё дар об ғарқ шуда, ҷон додааст. Агар дар об ғарқ мешуд, ҷасад варам мекард," -- гуфт ӯ. 

Мирзоалӣ Ҳайдаров, ҳамин тавр, ба гуфтаи мақомоти қисми ҳарбӣ дар бораи марги писараш бовар надорад ва мегӯяд, ки бо чашмони худ дидааст, "тир пешонаи писарамро сӯрох карда буд". Ҳатто ба қавли ӯ қисме аз рӯи Нуралӣ Ҳайдаров сӯхта будааст ва, барои ҳамин, ба бовари ӯ фиристодаҳои қисми низомӣ низ розӣ нашуданд, ки чеҳрааш ба дигарон нишон дода шавад. 

Ин сокини ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, шояд мақомот ба ҳарфҳои ӯ эътимод накунанд, вале ӯ барои ифшои ҳақиқати кор ҳатто розист, ҷасади писараш аз қабр берун оварда шавад.

Ozodi