Офиятбахшии иҷтимоӣ-психологии қурбониёни шиканҷа

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти психологон-машваратчиён ва равондармонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ташкилоти байналмилалии «Ислоҳоти байналмилалии маҳбасхонаҳо» дар чорчӯбаи барномаи «Пешрафти раҳёфти ҳифзи ҳуқуқ дар ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ дар Тоҷикистон» амалӣ гашта истодааст, тренинги омӯзиширо баргузор менамоянд.

Дар тренинг масъалаҳои тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа, оқибатҳои иҷтимоӣ-психологии шиканҷа, унсурҳои ташхиси коршиносии психологӣ, принсипҳои этикӣ, мудохилаи психологӣ ва офиятбахшии маҷмӯии қурбонӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, хусусан Протоколи стамбулӣ, баррасӣ мешаванд.

Мақсади гузаронидани тренинги омӯзишии мазкур натанҳо аз шиносоӣ бо стандартҳои байналмиллалӣ, балки инчунин такмили малакаҳо дар ҳуҷҷатнигорӣ ва дар самти офиятбахшии оқибатҳои осебовари шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмонаю таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон иборат мебошад.

Дар чорчӯбаи барномаи додашуда инчунин дастур барои психологон ва коркунони хадамоти иҷтимоӣ-психологӣ, ки дар соҳаи расонидани кӯмак дар офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ё дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаю таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон кор мекунанд, пешбинӣ шудааст. Мақсади асосии дастури мазкур расонидани кӯмаки методологӣ ба шахсоне мебошад, ки дар самти офиятбахшии иҷтимоӣ-психологӣ бо қурбониёни шиканҷа кор мекунанд.

Ба ҳайси фасилитатори чорабинии мазкур - тренери миллӣ, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти психологон-машваратчиён ва равондармонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қутбиддин Каримиён даъват шуданд.

Иштирокчиён психологони амалӣ аз ш. Душанбе, вилояти Суғд, Хатлон, НТМ ва ВМКБ, ки бо проблемаҳои шиканҷа ва ё дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаю таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар самти офиятбахшии иҷтимоӣ-психологии қурбониён кор мекунанд ва инчунин психологони хадамоти маҳбас мебошанд.

Тренинг 28-30- юми августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе, дар толори  конфронсии Гулистон-тур баргузор мегардад.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед муроҷиат кунед ба: Гулчеҳра Раҳмонова ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» gulchehra.rakhmanova@gmail.com  ва  Мадина Шарипова ТҶ «Ҷамъияти психологон-машваратчиён ва равондармонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» madinjasha@yandex.ru

Лоиҳаи «Пешрафти раҳёфти ҳифзи ҳуқуқ дар ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби “Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Ҷамъияти психологон-машваратчиён ва равондармонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

NoTorture.Tj