Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» аз 15-уми июли соли 2025 татбиқи лоиҳаи навро оғоз мекунад: «Мусоидат ба баланд бардоштани иқтидори омӯзгорони МД «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиби оилавӣ» дар ҳуҷҷатгузории самараноки оқибатҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ».
Лоиҳа ба ҳалли масоили мубрами муайянсозии нокифояи ҷароҳатҳои ҷисмонии қурбониёни шиканҷа дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, аз ҷумла дар марказҳои саломатӣ ва дармонгоҳҳо равона гардидааст.
Ҳадафи асосии лоиҳа - омодасозии омӯзгорони Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиби оилавӣ барои омӯзонидани усулҳои ҳуҷҷатгузории тиббии ҳолатҳои шиканҷа дар асоси стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба кормандони тиббӣ мебошад.
Лоиҳа бо дастгирии молиявии Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR) амалӣ карда мешавад.