Оғози амалишавии лоиҳаи «Тақвияти тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон»

Аз 1-уми феврали соли 2024 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) бо дастгирии молиявии Фонди демократияи СММ амалисозии лоиҳаи «Тақвияти тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон»-ро оғоз карданд.

Лоиҳа ба дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар доираи ислоҳоти ҷорӣ дар асоси Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон равона шудааст.

Лоиҳа вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

- татбиқи қонунгузории миллӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва пешбурди онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар асоси натиҷаҳои таҳлил ва мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо таваҷҷуҳ ба эҳтироми ҳуқуқҳои занон, кӯдакон ва одамони гирифтори ВНМО;

- баланд бардоштани сатҳи огоҳии маҳбусон ва мақомоти давлатӣ дар бораи роҳ надодан ба табъиз ва риояи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ;

- гузаронидани барномаҳои офиятбахшӣ дар муассисаҳои ислоҳотӣ, аз ҷумла дастгирии равонӣ-иҷтимоӣ ва равонӣ.

Фаъолияти лоиҳа қадами муҳим дар пешбурди ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ маҳсуб ёфта, ба таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади пурзӯр намудани таъмини самараноки ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда равона шудааст.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо суроғаи ш. Душанбе, к. Валаматзода 8/1 “а” ё тавассути телефони (+992) 37 2275187 ва почтаи электронии hrc.tajikistan@gmail.com муроҷиат намоед.

hrc.tj