Оғози баррасии эътирози Прокуратураи генералӣ ва шикояти хусусӣ дар Суди Олӣ

Тақрибан пас аз се моҳи омӯзиши эътирози прокурор ва шикояти хусусии адвокат, ки аз болои таъиноти қабулнамудаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда буд, дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ баррасӣ шуруъ шуд.

Дар эътироз дарҷ карда шудаст, ки “таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аз 16.01.2020 оиди ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Азизов Ш. М. бо моддаҳои 143.1 қисми 3 банди “б”, 316 қисми 3 бандҳои “а, в” ва 323-и КҶ ҶТ, Наимов Э. Э. ва Давлатмуродзода С. Д. бо моддаи 143.1 қисми 3 банди “б”-и КҶ ҶТ бинобар ғайриқонунӣ ва беасос буданаш бекор карда шавад ва парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии нави судӣ ба ҳамон суд дар ҳайати дигар ирсол карда шавад”.

Ҷабрдидаҳо низ бо таъиноти қабулшуда қатъиян розӣ набуданд ва чунин мешуморанд, ки парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Салимзода Ю. яктарафа ва танҳо бо дастгирии манфиатҳои судшавандагон сурат гирифта, он ҳолатҳое, ки барои қабул кардани қарори дурусти қонунӣ асос шуда метавонанд, умуман аз тарафи суд мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович санаи 7-уми ноябри соли 2017 бо гумони ба қатл расонидани сокини шаҳри Турсунзода Каримов Д. Т. аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода дастгир гардида буд. Ёдгоров Ҳ. иброз менамояд, ки ин гуноҳи сангинро зери таъсири шиканҷа ба уҳда гирифта, нишондоди худиқрорӣ додааст, ки гӯё Каримов Д.-ро ӯ ба қатл расонидааст.

Ӯро танҳо баъд аз дастгир кардани гунаҳкори асосӣ, санаи 15.05.2018, пас аз шаш моҳи маҳрумӣ аз озодӣ аз тафқифгоҳи тафтишотӣ озод намуданд[1].

Вобаста ба ҳолати истифодаи шиканҷа нибати Ёдгоров Ҳ. аз ҷониби Прокуратураи Генералии ҶТ нисбати Азизов Ш. бо дастрасии моддаи 316, 143.1 КҶ ҶТ, нисбати Давлатмуродзода С. ва Нимов Э. бо дастрасии моддаи 143.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар асоси қарори Прокуратураи генеаралии ҶТ аз 17.10.2018 Ёдгоров Ҳ. ва модари ӯ Нарзиқулова Шарофат ҳамчун ҷабрдида эътироф карда шудаанд.

NoTorture.Tj