Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе давоми ду рӯз - 27-28-уми июл ҳаштумин нишасти омодабошии САҲА дар самти иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқи инсон баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки нишасти мазкур бо ибтикори Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандї дар тарабхонаи «Ҳайат Реҷенси» доир мегардад.
Тавре намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо иттилоъ додааст, дар ин нишаст 120 намоянда аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва коршиносону фаъолон иштирок хоҳанд кард.
Ғайр аз ин, ширкати намояндагони ташкилотҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон низ юа назар гирифта шудааст.
Ин нишаст таҳти роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода доир мегардад.
Муҳимтарин масъалаҳои дар ин нишаст муҳокимашаванда аз масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳоҷират иборат буда, ҳамчунин масъалаи ҳуқуқи кормандони ҳарбӣ, озодї аз нақзи ҳуқуқ ва соири масъалаҳои ба ҳуқуқҳои инсон дахлдошта мавриди баррасии васеи намояндагони созмонҳои мухталифи хориҷиву ватанӣ қарор мегирад.