Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ду донишҷӯи донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия субҳи имрӯз, 10 октябр мавриди “облава” қарор гирифтанд.
Донишҷӯён мегӯянд, кормандони комиссариат, ки дар тан либоси низомӣ доштаанд, онҳоро аз манзили зисташон дар маҳаллаи “Профсоюз” гирифта, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурданд. Яке аз донишҷӯён дар суҳбат бо “Озодагон” шикоят кард, ки аз ҷониби кормандони комиссариат мавриди латукӯб низ қарор гирифтааст: “Моро танҳо баъди пешниҳоди маълумотнома дар бораи донишҷӯӣ аз комиссариат озод карданд”.
Ин нахустин шикояти сокинон аз латукӯби ҷавонон ҳангоми "облава" дар комиссариати ноҳияи Сино нест. Қаблан Абдумалики Абдурасул, ҷавони 22-солаи тоҷик, аз сӯи кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” латукӯб ва бистарӣ шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо дар оғози мавсими даъвати наваскарон ба масъулин дастур додааст, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш кор набаранд.