Омбудсмен: Таҳқиқи марги Бахтиёр дар артиш идома дорад

Дафтари Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон эълон кард, ки таҳқиқи марги сарбоз Бахтиёр Қубонмадовро дар қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар минтақаи Рашт зери назорат гирифтааст. 

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ваколадтор оид ба ҳуқуқи инсон дар робита ба марги Бахтиёр Қурбонмадов бо прокурори ҳарбии горнизони минтақаи Рашт полковник Собирзода Идибег суҳбати телефонӣ дошта, муайян намудааст, ки бар асоси санҷиши пешакӣ Қурбонмадов аз сактаи дил вафот кардааст: “Айни ҳол оид ба қазияи мазкур санҷиши прокурорӣ давом дорад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рафти тафтишоти қазияи мазкурро зери назорат гирифтааст”.

Бахтиёр Қурбонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, баъди 5 рӯзи рафтанаш ба хидмат ҷон дода, ҳафтаи гузашта ҷасадаш ба хонаводааш баргардонда шудааст. Наздикони Қурбонмадов изҳороти мақомоти низомиро, ки марҳум аз дарди дил гузаштааст, беасос хонда, иддао доранд, ки дар баданаш осори латукӯбро низ дидаанд.

Озодагон