Овезаҳо, машваратҳои ҳуқуқӣ ва вохӯриҳо, тақвими рӯимизӣ, аксия дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои иҷтимоӣ... Эътилофи зидди шиканҷа ба муносибати 70-солагии қабули ЭУҲБ як қатор чорабиниҳо гузаронд

Овезаҳо, машваратҳои ҳуқуқӣ ва вохӯриҳо, тақвими рӯимизӣ, аксия дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои иҷтимоӣ... Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 10-уми декабр бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо баргузор намуд.

Овезаҳо дар шаҳри Душанбе: Дар 12 ноҳияи гуногуни шаҳри Душанбе овезаҳо бо забони тоҷикӣ, бо фарогирии матни моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дутоӣ шарҳи хизматчиёни давлатию ҳимоятгарони ҳуқуқ ба ҳар кадоми онҳо насб карда шуданд.

«Кӯмаки ҳуқуқии мобилӣ»: Ба ѓайр аз ин, дар ин рӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе - Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур «Кӯмаки ҳуқуқии мобилӣ» ташкил карда шуд. Машваратҳои ройгон барои аҳолӣ дар масоили ҳуқуқи инсн аз соати 10:00 то 12:00 аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятии аъзои Эътилоф расонида шуданд.

- Гузаронидани чунин чорабиниҳо, аз ҷумла расонидани кӯмаки ҳуқуқии ройгон хеле муҳим аст, зеро на ҳамаи шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд,- гуфт нафаре, ки худро Сафарбег муаррифӣ намуд.

Инчунин, нафаре, ки нахост ному насабаш зикр карда шавад, гуфт: «Мо бисёр вақт наметавонем худро ҳимоя кунем, чун ҳуқуқҳоямонро намедонем. Мутаассифона, урфу одати мо на ҳамеша роҳ медиҳад, ки дар мавриди ягон масъала ба ҳуқуқшиносони ихтисосманд ё адвокатҳо муроҷиат намоем. Барои ҳамин, фикр мекунам, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо баҳри боло бурдани ҳуқуқи шаҳрвандон муҳиму зарурӣ аст».

Бояд зикр намуд, ки сокинон махсусан ба чорабинии «Кӯмаки ҳуқуқии мобилӣ» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҳуқуқшиносони Эътилоф дар бораи мушкилоташон машварат мепурсиданд ва ҳамзамон барои муроҷиатҳои эҳтимолии ояндаашон барои дар тамос шудан рақами телефонҳои ташкилотҳои кӯмакрасонро навишта мегирифтанд. Муроҷиатҳо асосан дар бораи таъмини нафақа, шарҳ додани рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва аҳамияти он, ташкили дарсҳои иловагии ройгон барои хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ, ақди никоҳ ва бекор гардидани он, меҳнат ва муҳоҷират, муомилоти бонкӣ, ҳуқуқ ба манзил, фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, шарҳи ҳуқуқи инсон ба озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқи кӯдакони волидонашон ҷудошуда, ҳуқуқ ба таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои инсон буданд.

Аксияи “Мо ҷонибдори ҳуқуқи инсон!: дар сомона http://notorturetj.org ва саҳифаҳои иҷтимоии[1] Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дар давоми 12 рӯз, ҳамарӯза, оғоз аз 3-юми декабр мо дар торнамои худ - notorturetj.оrg ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктоӣ моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро иқтибос оварда, дар мавриди онҳо шарҳи хизматчиёни давлативу ҳимоятгарони ҳуқуқро ҷой додем. Аксия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.

Тақвими рӯимизӣ дар бораи ҳуқуқи инсон барои соли 2019: Дар ҳар як моҳи тақвим яктоӣ моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дутоӣ шарҳи хизматчиёни давлативу ҳимоятгарони ҳуқуқ ба онҳо ҷой дода шудааст. Тақвимҳо миёни шарикони Эътилоф паҳн карда мешаванд.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд. Ин дар таърихи инсоният аввалин санади умумии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ гардид, ки дар он ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсон зикр ёфтаанд. Ҳуҷҷати мазкур инчунин миёни санадҳои умумии байналмилалие, ки соҳаи ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, якум аст.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948 дар Париж аз ҷониби гуруҳи намояндагони кишварҳои гуногун зери роҳбарии бонуи аввали ИМА Элеонор Рузвелт таҳия гардидааст. Эъломия бо мақсади пешгирии такрори нақзи ҳуқуқи инсон, ки дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон рух дода буд, таҳия шудааст.

Ҳадафи Эъломия руҳияи мубориза муқобили табъиз ба шумор меравад, бо ин бовар, ки ҳамаи одамон баробаранд ва ҳуқуқҳои баробар доранд.

Ёдовар мешавем, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ин чорабиниҳоро бо дастгирии молии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи рушди СММ, Фонди Зигрид Раузинг ва намояндагии ИА дар ҶТ баргузор намуд.

NoTorture.Tj