Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Оё нисбати амали кормандони милитсия ё СИЗО бо шикоят ба суд муроҷиат кардан мумкин аст?
ПОСУХ: Бале, дар моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” ҳуқуқи гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо ва судшавандаҳо барои бо таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо муроҷиат кардан, аз ҷумла ба суд, дар масъалаи қонунӣ ва асоснок будани дар ҳабс нигоҳ доштан ва риоя нагардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси моддаи 27-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шикоят кардан аз болои амал ва қарорҳои мурофиавӣ пешбинӣ шуда, шахс ҳуқуқ дорад нисбати кирдори шахсони мансабдор шикоят кунад.
Барои ҳимояи ҳуқуқ ба шикоят кардан дар асоси моддахои 119-124-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба шахси мансабдори болоӣ, прокурор оид ба назорати ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс ё ба суд муроҷиат намуд.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj