ОЗМУН БАРОИ БЕҲТАРИН ТАДҚИҚОТИ ЖУРНАЛИСТӢ ДАР МАВЗУИ ШИКАНҶА

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳар сол 26-уми июн таҷлил мегардад, миёни рўзноманигорон барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзуи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар озмун эълон мекунад. Муаллифони се матлаби беҳтарин бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд мукофотонида мешаванд.

Шартҳои озмун:

  • Дар матлаб бояд мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар бо далелҳои воқеиву асосноки ҳолати шиканҷа инъикос ёбад (далелҳо аз 2-3 соли охирро истифода бурдан мумкин аст).
  • Матнро метавон бо забони тоҷикӣ ва ё русӣ навишт. Ҳаҷми матн аз 5000 то 20 000 нишона.
  • Матлабҳо бояд ба суроғаи электронии - notorture.tj@gmail.com бо ишораи konkurs фиристода шаванд.
  • Муҳлати охирини пешниҳоди матолиб - 10-уми июни соли 2018. Матнҳоро ба озмун танҳо худи муаллифон метавонанд пешниҳод намоянд.

Матнҳои пешниҳодшударо ҳайати ҳакамон, ки ба он рўзноманигорони ВАО, инчунин коршиносони Эътилоф дохил мешаванд, баҳогузорӣ мекунанд.

Натиҷаҳо моҳи июни соли 2018 эълон карда мешаванд. Туҳфаҳо дар чорабинии Эътилоф бахшида ба рўзи 26-уми июн супорида мешаванд. Дар бораи рўз ва макони баргузорӣ иловатан эълон карда мешавад.

 

Акс: f1.ds-russia.ru

NoTorture.Tj