ОЗМУН БАРОИ ЛОГОТИП ВА ШИОРИ ЭЪТИЛОФИ ЗИДДИ ШИКАНҶА

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳар сол 26-уми июн таҷлил мегардад, барои беҳтарин логотип ва шиори Эътилоф озмун эълон мекунад. Нафари ғолиб бо диплом ва туҳфаи арзишманд мукофотонида мешавад.

Мақсади озмун - коркарди логотип (рамз) ва шиор дар шакли рамзӣ, ки ҳадафҳои асосӣ, вазифаҳо ва самти фаъолияти Эътилофро инъикос намояд ва барои истифода бурдан ба сифати рамз дар оянда пешбинӣ шуда бошад.

Ҳангоми коркарди лоиҳа муаллиф (муаллифон) бояд барои дарёфти маънои фаҳмову хуб эзоҳдиҳанда кӯшиш намояд. Лоиҳа бояд бо тавсифу тавзеҳи муаллифии аҳамияти рамзӣ дошта муҷаҳҳаз бошад. Логотип бояд чунин маъноро дақиқ шарҳ дода тавонад: «Мо муқобили шиканҷа ва бераҳмием!», «Беҷазоиро боз дор!». 

Талабот барои номзадҳо:

  • Дар озмун дилхоҳ нафари хоҳишманд метавонад иштирок намояд. Иштироки ҳам фардӣ ва ҳам гуруҳӣ (то 3 нафар) мумкин аст.
  • Ҳар як иштирокчӣ ва ё гуруҳ метавонанд барои баррасии ҳайати ҳакамон як ва ё зиёда корашонро пешниҳод намоянд.

Талабот барои кор:

  • Кор шояд ба тағйирот мувоҷеҳ гардад: ихтисор ё илова ва тарҷума дар рангҳои сиёҳу сафед, аммо ин ҳангом таъсир набояд аз байн равад.
  • Кор метавонад ранга бошад, сиёҳу сафед низ.
  • Кор бояд дар формати рақамӣ пешниҳод карда шавад.
  • Кор набояд дизайн ё тасвиреро дар бар гирад, ки аллакай қаблан истифода бурда шудааст.

Корҳо бояд бо суроғаи эоектронии notorture.tj@gmail.com бо ишораи logo пешниҳод карда шаванд. Муҳлати охирини пешниҳоди корҳо - 10-уми июни соли 2018.

Нафари ғолиб дар чорабинии Эътилоф бахшида ба рӯзи 26-уми июн муаррифӣ мегардад. Дар бораи рӯз ва макони баргузорӣ иловатан эълон карда мешавад.

NoTorture.Tj