Парванда алайҳи як афсар барои латукӯби 7 сарбоз

Додситонии ҳарбии гарнизои Кӯлоб алайҳи ду афсар ва як сарбози қисмҳои низомӣ дар ин минтақа ба иттиҳоми бадрафторӣ ва ба корҳои шахсӣ ҷалб кардани зердастонашон парвандаи ҷиноятӣ боз намуда ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии гарнизони Кӯлоб рӯзи сешанбеи 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки як афсару сарбоз “меҳтарсолорӣ” ё “дедовина”-ро дар сафи артиш роҳандозӣ кардаанд ва дигаре бошад сарбозонро ба корҳои шахсии худ ҷалб кардааст.

Ба таъкиди ҷаноби Раҷабзода, афроде, ки алайҳи онҳо барои "дедовшина" парванда боз шудааст, Комилҷон Рофиев, фармондеҳи қисми низомии 2931-и марзбони дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дигаре Ҷонибек Муродов, сарбози қатори қисми низомии 2133- марзбони дар ноҳияи Ҳамадонӣ мебошанд. Ҷаноби Раҷабзода афзуд, ки Комилҷон Рафиев, ӯҳдадориҳои оиномавиро вайрон карда ва ҳафт сарбозро латукӯб кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳодиса моҳи моҳи майи соли ҷорӣ рух дода ва парвандааш дар дасти баррасӣ мебошад.

"Лейтенанти калон Колмилҷон Рафиев ҳафт сарбозро латукӯб кардааст, ки ин ҳолат аз сӯи додситонӣ ошкор ва нисбати ин афсар парванда боз шуд. Ин ҳодиса ҳамин моҳи пеш рух додааст. Ҳоло парвандаи ин афсар дар дасти баррасӣ аст. Сарбози қаторӣ Ҷонибек Муродов низ сарбозони нав ба хизмати ҳарбӣ даъватшударо зери латукӯб қарор додааст",--гуфт Фирӯз Раҷабзода.

Фирӯз Раҷабзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб.

Фирӯз Раҷабзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб.

Ҳамчунин, ба таъкиди додситони ҳарбии гарнизони Кӯлоб, Абдурасул Қурбонов -- прапоршики калони қисми низомии 2933-и марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз мансаб сӯистифода карда, сарбозонро ба корҳои шахсӣ, яъне нигоҳубини антенаҳои ширкатҳои мобилӣ сафарбар намуда, маблағи ба дастомадаро ба ҷайбаш задааст.

Парванда алайҳи ду афсар ва як сарбоз барои "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ ва сӯистифода аз мансаб дар ҳолест, ки соли гузашта додситонии низомӣ дар ин минтақа нисбати чаҳор афсар барои меҳтарсолорӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, онҳоро муҷозот карда буд.

Ҳоло тибқи оинномаи артиш, сарбоз ҳақ надорад аз амри фармондеҳ сарпечӣ кунад, аммо бо ин ҳол ҳам афсар ҳақ надорад ба сари сарбоз даст бардорад. Муҷозоти аскари саркаш бояд дар чаҳорчӯби оинномаи хизмати аскарӣ сурат бигирад.

Зимнан, дар шаш моҳи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон чандин афсарро барои хунукназарӣ дар робита ба меҳтарсолорӣ аз кор сабукдӯш карда сарбозонеро, ки дар латту кӯби баъзе аскарони навдаъват ва ҳатто куштани онҳо даст доштаанд, ба мӯҳлатҳои мухталиф зиндонӣ карданд.

Аз ҷумла охирҳои моҳи май ду афсар ва як сарбози қисми низомии "2847"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар робита ба марги сарбоз Фаррухҷон Ҳайталиев аз 4 то 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе фармондеҳи постгоҳи қисми ҳарбии “2847”-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ капитан Сӯфӣ Сӯфиев ва муовини ӯ лейтенант Бобурҷон Ортуқовро тибқи моддаи 391, қисми 3,(сӯистифода аз вазифаи давлатӣ) ба муддати чаҳор солӣ, аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳ айбдоршавандаи севум -- сарбози ин қисми низомӣ Алихон Туйчиевро тибқи моддаи 373 қисми 2 (вайрон намудани ойиномаи муносибат бо аскарон) ва моддаи 110, қисми 3 (огоҳона зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан), ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Ozodi.org