Парванда нисбати духтурҳо барои ҷалби нафари бемор ба хизмати ҳарбӣ

Парванда нисбати духтурҳо барои ҷалби нафари бемор ба хизмати ҳарбӣ

Прокурутураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Онҳо бо моддаи «Хунукназарӣ», барои Эмомиддин Холовро, ки аз бемории вазнини гурдаҳо азият мекашид, ба хизмати ҳарбӣ коршоям донистан айбдор карда мешаванд.

Э. Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд. Дар ин бора адвкоати ҷабрдида Дилшод Ҷӯраев хабар дод.

Қаблан «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки Эмомиддин Холови 21-сола моҳи феврали соли 2015 аз водии Рашт ба Душанбе омадаааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки худро бад ҳис карда, ба Душанбе барои муоина омадааст. Барои рӯзгузаронӣ ва табобат Холов дар бозор ба равғанфурӯшӣ машғул будааст ва моҳи апрел ба «облава» афтидааст: ӯро аз кӯча боздошта, ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурдаанд.

Эмомиддин Холовро бо гурдаҳои бемор ба хизмат коршоям дониста, ба қисми ҳарбӣ дар шаҳри Хоурғ мефиристанд. Баъди ду ҳафта ӯро дар қисми тиббӣ хобонида, сипас ба госпитали ҳарбии маҳаллаи Калинин ва баъдан ба беморхонаи Қарияи Боло мефиристанд. Ахиран, моҳи сентябр ба бемористони шаҳраки тиббии пойтахт бурда, барояш билети ҳарбиро бо муҳри корношоям будан ба хизмат ба дасташ медиҳанд.

Имрӯз Эмомиддинро танҳо ивази гурда наҷот дода метавонад. Ӯ ба хубӣ мефаҳмад, ки ҳар рӯзе барояш охирин буда метавонад. Бародари 17-солаи хурдии Эмомиддин ба донор шудан омода аст ва тибқи нишондодҳои тиббӣ, гӯё ҳамааш мувофиқ аст. Аммо ҳамааш ба маблағ вобаста аст, ки 10 ҳазор доллари ИМА буда, барои оилаи оддии деҳот маблағи хеле бузург аст. Барои ҷарроҳиро бепул гузаронидан ҳеҷ шароиту имконе мавҷуд нест.

NoTorture.Tj