Парвандаи ду узви боздоштшудаи ҲНИТ ба суд меравад

Парвандаи ду узви боздоштшудаи ҲНИТ ба суд меравад

Парвандаи Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов ду узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд ба ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ ва экстремистӣ айбдор мешавад, ҷамъбаст шуда, қарор аст рӯзҳои наздик ба суд ирсол шавад.

Дар ин бора ба TojNews Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Зуҳур Иброҳимов иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, маводҳои парванда ду ҳафта пеш ба онҳо дастрас шуда, дар муддати ин ду ҳафта онҳо парвандаро омӯхтаанд.

- Мумкин аст дар рузҳои наздик парвандаҳои Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов ба суд ирсол шаванд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимовро бо моддаҳои 187, қисми 2 (Ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 307, прим 2, қисми 2 (Ташкили иттиҳодияи экстремистӣ) ва 307, прим 3, қисми 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) айбдор мекунад.

Умедҷон Тоҷиевро ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, айбдор мешавад, - мегӯяд Файзинисо Воҳидова.

Ирсоли парвандаҳои Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов ба суд дар ҳоле сурат мегирад, ки се рӯз пеш ташхиси тиббӣ маълум кардааст, як пойи Умедҷон Тоҷиев, аз кор монда, эҳтимол ӯ дигар мустақилона роҳ гашта натавонад.

Гуфта мешавад, Умедҷон Тоҷиев баъди боздошт дар Шуъбаи корҳои дохилии Исфара мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтааст. 

Соҳира Тоҷиева, ҳамсари Умедҷон Тоҷиев, ки 20-уми декабр бо шавҳараш дар СИЗО-и Хуҷанд вохӯрдааст, ба ТojNews гуфт, аҳволаш бисёр вазнин аст.

- Тамоман шиштан наметавонанд. Духтур ташхис гузаронида гуфт, ки як пояшон аз зону поёнаш кор накарда истодааст. Аммо ҳоло ҳам он касро дар СИЗО нигоҳ медоранд, ба духтур нагузаронидаанд.

Духтур гуфтааст, сутунмӯҳраи ҳамсарам сахт зарб хӯрдааст ва шояд дигар умуман мустақилона роҳ гашта натавонанд. Он касро бо носилка - занбари равон ба назди ман оварданд, тамоман шишта наметавонанд.

Вазорати корҳои дохилӣ ба ТоjNews гуфта буданд, чанде аз масъулони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Исфара аз вазифа озод шуда, иддае ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ маҳз барои қазияи боздошти Умедҷон Тоҷиев ва муносибати ғайриқонунӣ нисбати ӯ кашида шудаанд.

Умедҷон Тоҷиев ба адвокаташ гуфта буд, ӯро бо барқ шиканҷа додаанд, ки ба дарди сахт тоб наоварда аз ошёнаи дуюми бинои маъмурии Шуъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ҷаҳида, фирор кардан мехостааст.

Феълан вай дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад. Талаби адвокат дар бораи ба беморхона интиқол додани Тоҷиев бинобар вазъи сиҳатӣ ва пойҳои шикастааш, то ҳол натиҷа надодааст.

TojNews