Article Pages

  Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои кишвар дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 3-юми декабр аз соати 10:00 то 12:00 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии сайёри ройгон...

03.12.2021 - 23:17

2-юми декабри соли 2021 давоми як соат, аз соати 17:00 то 18:00 дар мавҷи мустақими Asia-Plus барномаи «Mix show»: Қонун ва ҳуқуқ[1] бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!», ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ташкил карда шудааст, доир гардид. Ба ҳайси коршиносон ҳуқуқшиноси ташкилоти...

02.12.2021 - 20:51

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон чорабинии Discussion Day-ро мегузаронад. Чорабинӣ 4-уми декабр аз соати 18:00 то 20:00 дар шаҳри Душанбе, дар макони машҳур барои ҷавонон - Parking баргузор мегардад. Иштирокдоронро дар...

02.12.2021 - 00:22

Ҳар сол 10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад. Дар ин рӯз соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кардааст. Соли 1950 Ассамблеяи Генералӣ қарори 423 (V)-ро қабул намудааст, ки дар он ба тамоми давлатҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор пешниҳод гардидааст, то Рӯзи ҳуқуқи инсонро 10-уми декабр қайд намоянд. Дар ин маҷмуа шинос шудан бо ҷанбаҳои...

30.11.2021 - 22:37

Ҳамасола 10-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи ҳуқуқи инсонро, ки соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ҷашн мегирад. Ҳуқуқшиносони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» як қатор масоили марбут ба истифодаи шиканҷаро, ки одатан шаҳрвандон ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд, шарҳ доданд. Бо намунаи пурраи матлаб инҷо шинос шудан мумкин аст: http://...

30.11.2021 - 11:04

Ҳар сол 10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад. Дар ин рӯз соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кардааст. Соли 1950 Ассамблеяи Генералӣ қарори 423 (V)-ро қабул намудааст, ки дар он ба тамоми давлатҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор пешниҳод гардидааст, то Рӯзи ҳуқуқи инсонро 10-уми декабр қайд намоянд. Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи ҳатмии ҳар як инсон...

29.11.2021 - 22:34

Дар доираи чорабинии «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 2-юми декабр дар радиои Asia-Plus (107 FM) барномаи мустақим ва онлайн-машварат баргузор мегардад. Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шарипов Абдураҳмон ва Сайфуллоев Салимҷон дар мавриди Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баромад карда, ба...

28.11.2021 - 20:53

Ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати фавт ва захмишавии зиёди шаҳрвандони мулкӣ ҳангоми боздошти худсарона ва гирдиҳамоиҳои сулҳҷўёна дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронии амиқ изҳор намуда, аз мақомоти Тоҷикистон барои гузаронидани тафтишоти қатъӣ дархост ба амал меоранд.   МАТН БАРОИ ИМЗОГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ, ТҒД-И БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ВА МИЛЛӢ БОЗ АСТ. АГАР...

28.11.2021 - 16:43

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава, Лаҳистон) аз 12 то 17-уми ноябр дар шаҳри Душанбе барои тренерҳо дар мавзуи «Ҳуқуқҳои мизоҷони муассисаҳои руҳиро чӣ гуна бояд омӯзонд?» тренинг баргузор намуд. Машғулиятҳоро тренерҳои Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон Александра Ивановска, Янина Агнешка Клосовска ва...

22.11.2021 - 16:24

Страницы