Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава, Лаҳистон) аз 12 то 17-уми ноябр дар шаҳри Душанбе барои тренерҳо дар мавзуи «Ҳуқуқҳои мизоҷони муассисаҳои руҳиро чӣ гуна бояд омӯзонд?» тренинг баргузор намуд.
Машғулиятҳоро тренерҳои Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон Александра Ивановска, Янина Агнешка Клосовска ва Ленур Керимов гузарониданд.
Дар рафти чорабинии панҷрӯза онҳо ба иштирокдорони тренинг нақш ва ҷойгоҳи фаъолияти омӯзиширо дар ҳалли мушкилоти нақзи ҳуқуқи инсон дар беморхонаҳои руҳӣ ва дигар муассисаҳо шарҳ доданд, хислати мушкилотро тасвир намуданд (ба кӣ дахл дорад, аҳамият, миқёс), оид ба сабабҳои мушкилот ва мақсадҳое, ки тавассути фаъолияти омӯзишӣ метавон ноил гардид, сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни қисми амалии тренинг иштирокдорон инчунин шартҳои роҳандозии барномаҳои таълимӣ, усулҳо ва техникаи гузаронидани машғулиятҳо дар самти ҳуқуқи инсон, таснифоти услубҳои омӯзишро баррасӣ карда, аз рӯйи машқҳои хотимавӣ корбарӣ намуданд.