Пешрафт дар парвандаи марги Толибҷон Дӯстов дар шуъбаи корҳои дохилӣ: Маҳмадулло Идиев тақрибан пас аз 7 сол боздошт шуд

Бо гузашти тақрибан ҳафт сол аз марги фоҷиавии сокини вилояти Хатлон Толибҷон Дӯстов дар ин парванда пешрафти деринтизор ба мушоҳида мерасад. Собиқ лейтенанти калони милитсия Маҳмадулло Идиев, ки ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо оқибатҳои вазнин (м. 316, қ. 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор дониста шудааст, вақте аз Русия ба Тоҷикистон бармегашт, ҳангоми убури марзи давлатӣ дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Ӯ ду ҳафта боз дар СИЗО-и шаҳри Бохтар нигаҳдорӣ мешавад ва нисбаташ баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар Суди вилояти Хатлон аз сар гирифта шудааст.

Толибҷон Дӯстов рӯзи 25-уми июли соли 2017 дар пайи боздошташ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ба истилоҳ “хариди санҷишӣ” даргузашт. Ба гуфтаи шоҳидон ва боздоштшудаи дигар, ӯро дар наздикии бар дастгир карда, бо латукӯбу маҷбурӣ бо як мошини сиёҳшиша бурданд, ки баъдан бидуни нишонаи зиндагӣ ба бемористон интиқол дода шуд. Дар бадани мард аломатҳои зиёди латукӯб, аз ҷумла доғҳои васеъ ва осеби гӯшаш маълум буд. Бо вуҷуди муроҷиати хешовандон ва адвокатҳо, ташхиси ҷасад бидуни огоҳсозии аҳли оила анҷом дода шуда, натиҷаи он муддати тӯлонӣ эълон нашуд.

Идиев ягона афсари милиса буд, ки нисбаташ ба таври расмӣ айбнома эълон шуд, бо вуҷуди он, ки дар боздошт ва амалҳои баъдӣ дастикам се нафар аз ҳамкоронаш иштирок доштанд. Ҳамаи онҳоро шоҳидон шиносоӣ карданд, вале прокуратура оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро нисбати чеҳраҳои боқимонда аз ҷумла тибқи моддаи “шиканҷа” рад намуд. Хешовандони Дӯстов ва ҳимоятгарони ҳуқуқ тӯли 8 сол ба мақомоти ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шикояту дархост ирсол намуда, хостори ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани ҳамаи афроди дар ин ҳодиса дастдошта шуданд.

Аз оғоз парванда бо қонуншикании зиёд, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои ғайриқонунии фаврӣ, тақаллуби нишондод ва худдорӣ аз оғоз кардани парванда бо моддаи «шиканҷа» сурат гирифт. Бо вуҷуди оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Идиев дар моҳи декабри соли 2017, баъди супоридани маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ба суд, ӯ аз мурофиа сарпечӣ кард ва дар ҷустуҷӯ қарор гирифт.

Танҳо ҳоло, пас аз талошҳои тӯлонии адвокатҳо ва ҳимоятгарони ҳуқуқ, парванда набзи тоза пайдо кард.

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз соли 2017 инҷониб ин парвандаро пайгирӣ менамояд, эълон кард, ки дастгирии ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои оилаи Идиевро идома медиҳад.

Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ