Article Pages

Пайвандони як ҷавони 18 сола дар Душанбе иддао доранд, ки субҳи барвақти 10-уми октябр ӯро аз ҷойгаҳи хобаш бо зӯр, яъне тариқи “облава” ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, ҳафтаи гузашта бо чунин мазмун аз сокинони кишвар 8 шикоят дарёфт кардааст. “Писарамро облава карданд” Гулбаҳор Маҳмадқулова, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати...

11.10.2017 - 11:03

Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов ба роҳ мондани “облава”-ро аз ҷониби кормандони ин ниҳод рад карда гуфт, чунин овозаҳо асос надоранд ва то ҳануз касе бо ин роҳ ба хизмати аскарӣ ҷалб карда нашудааст. Гулов имрӯз дар суҳбат бо мо гуфт, овозаҳо дар мавриди бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хизмати ватан ҷалб намудани ҷавонон асоси воқеъӣ надоранд, баракс ҳар рӯз 3-4 нафар бо хоҳиши...

09.10.2017 - 10:54

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба таҳия ва коркарди тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти қудратӣ, созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ ва коршиносон ширкат карданд. Дар ин ҳамоиш Саидаҳмад Икромов,  менеҷери Барномаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати Барномаи Рушди СММ зикр кард: “Тайи зиёда аз...

06.10.2017 - 17:01

Муҳосиби беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Ризвон Бегалиев субҳи рӯзи 3-юми октябр дар утоқи корӣ мавриди «облава»-и кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба Комиссариати вилоятии ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шудааст. Нуралӣ Бегалиев, сокини ҷамоати “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ, падари Ризвон дар сӯҳбат бо мо гуфт, писараш 22-сола буда, пас аз хатми...

04.10.2017 - 12:50

Гурез аз хидмат дар саффи артиш бо баҳонаи беморӣ ва корношоямӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон афзудааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳар сол даҳҳо ҷавон бо сабаби “негодный” (корношоям) будан ба хидмат ҷалб намешаванд. Ин ҳарфҳои мақомоти Тоҷикистон дар остонаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш садо дод. Ин маърака рӯзи 1-уми октябр оғоз ёфт ва то ду моҳи дигар идома мекунад. Мақомоти...

02.10.2017 - 12:39

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носировро ҷамъбаст кард. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим 28-уми сентябр дархости наздикони Мақсуд Носировро оид ба рўёнидани ҷуброни зарари маънавӣ дида баромада, ҳаҷми ҷубронро 2000 сомонӣ муайян кард. Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод...

28.09.2017 - 12:34

Ҷасади сарбозеро, ки панҷ моҳ пеш дар як маросими кӯлчагазон бо рақсу шодӣ ва ихтиёрӣ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба хидмати артиш рафта буд, рӯзи 25-уми сентябр ба хок супурдаанд. Маҳмадхӯҷа Қутбиддинови 22-сола аз деҳаи Фароғати ҷамоати деҳоти Тахти сангин, рӯзи якуми апрели имсол ба артиш рафт ва дар қисми ҳарбии 051058-и мутааллиқ ба Горди миллӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун хидмат мекард...

27.09.2017 - 11:23

Имрӯз Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи Мақсуд Носировро ба рўзи дигар гузошт. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим бо сабаби зарурати пурсиши равоншинос, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, баррасии парвандаро ба рӯзи 27-уми сентябр, соати 9:00 ба таъхир гузошт. Ба иттилои адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва...

26.09.2017 - 15:14

Нашриёти “Ирфон” китоби Алихон Икромӣ, коршиноси судӣ-тиббиро бо номи “Чанголи аҷал” нашр кардааст, ки паҳлӯҳои норӯшани бархе ҳодисаҳои нохуш ё кушторҳои пурсарусадо, марги ногаҳонӣ дар артиш, қатли хешовандон, оқибати мастӣ ва бархе ҳодисаҳои дигари пурсарусадои солҳои охирро рӯи чоп овардааст. Яке аз қиссаҳое, ки Алихон Икромӣ аз таҷрибаи кори судиву тиббиаш навиштааст,...

18.09.2017 - 15:00

Аз 28-уми август то 1-уми сентябр аъзои Гуруҳи кории Омбудсмен ва гуруҳи мониторингии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои омўхтани таҷрибаи Ҷумҳурии Словения дар мавриди таҳияву пешбурди Механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП) аз ин кишвар дидан намуданд.  Интихоби ин кишвар аз рўи модели ММП-и дар он қабулшуда, бахусус модели ММП «Омбудсмен+» сурат...

18.09.2017 - 09:17

Страницы