Article Pages

Як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод шоми 19-уми апрел ҳангоми фирор аз “облава” дар шаҳри Роғун худро ба дарё андохтааст.  Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” марҳум Шарифов Қиёмуддин, сокини 19-солаи деҳаи Алигалабон, ҳангоми фирор аз “облава” тақрибан соати 17:00-и 19-уми апрел дар мавзеи деҳаи Луғуроби шаҳри Роғун худро ба дарёи Вахш андохта, ғарқ шудааст. ...

21.04.2016 - 21:07

Ҷасади як сарбози Вазорати дифоъ ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи хидмат ба наздиконаш супурда шудааст. Онҳо мегӯянд, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, аз сактаи қалб. Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии...

20.04.2016 - 10:51

Додситонии кулли Тоҷикистон дархости муттаҳамон дар қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро, ки гуфтаанд, аз ҷониби маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, рад кардааст. Мавлудхон Салихов, вакили дифои Умедҷони Амрохон, яке аз гумонбарони асосии қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ имрӯз, 19 апрел ба “Озодагон” гуфт, дар посухи...

19.04.2016 - 21:05

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои гумонбари асосӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ҳабси абад хостааст. Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, барои Умедҷони Амрохон - гумонбари асосӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино – ҳабси абад хостааст. Дар ин бора 18 апрел Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷон, ба Озодӣ хабар дод ва...

18.04.2016 - 12:18

Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб тасмим дорад, нисбати имом-хатиб ва масъулини масоҷид, ки аз фиристодани фарзандонашон ба артиш худдорӣ мекунанд, ба додгоҳ шикоят барад.  Як масъули ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, дар раванди даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳолатҳои саркашии имом-хатиб ва нафароне, ки миёни мардум аз обрӯву эҳтиром бархӯрдоранд, аз фиристодани...

18.04.2016 - 10:35

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод хабар дод.  Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, М.Ҳасанов, ки ба ҳайси ёрдамчии калони комисари ҳарбии ноҳия фаъолият мекардааст, рӯзи 11 апрел дастгир шуд. Манбаъ мегӯяд, Ҳасанов барои аз рӯйхати даъватшавандаҳо берун кардани исми як...

15.04.2016 - 10:32

Як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки моҳи феврал як ҷавони зодаи Хатлон бар асари шиканҷа дар қисми низомӣ ҷон дода, таҳқиқи парвандаи маргаш то ҳол ҷараён дорад. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", созмони ҳомии ҳуқуқи ҷавонони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ, мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳалокати як сарбози тоҷик бар асари шиканҷа дар қисмҳои низомиро сабт кардааст....

15.04.2016 - 10:10

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик аз сабаби пайдо шудани санг дар гурдаҳояш ҷарроҳӣ мешавад. Худи Шаҳбол дар суҳбат ба TojNews гуфт, ҳоло дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд қарор дошта, интизори натиҷаи ташхис мебошад. -Ҳарду гурдаам санг доштааст, ҳозир интизор ҳастем, ки натиҷаи ташхис муайян мешавад ва маро ҷарроҳӣ мекунанд. Қариб як ҳафта мешавад, ки таб дорам ва вазъи...

15.04.2016 - 10:08

12 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии гуруҳи кории Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зери унвони «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» бо ҳуқуқшиносон, намояндагони шӯрои ҷамъиятии назди ВКД оид ба таъғироти милитсия,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фондҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ пешниҳод...

14.04.2016 - 09:33

Рӯзҳои 15-17-уми апрел дар шаҳри Душанбе оид ба офиятбахшӣ ва ҷуброни зарари қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳо тренинги серӯза доир мегардад. Чорабиниро созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи фаъолиятҳо оид ба офиятбахшии нафарони аз шиканҷа зарардида ё аъзои оилаи онҳо, ки аз ҷониби «Институти Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мешавад, баргузор менамояд...

13.04.2016 - 10:23

Страницы