Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Прокуратураи вилояти Хатлон қарори Прокуратураи ноҳияи Восеъро дар бораи боздоштани тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели то ба худкушӣ расонидани сокини маҳаллӣ Сайдамир Сўфиев бекор кард. Ҳимоятгарони ҳуқуқ умедворанд, ки ин маротиба гунаҳгорон муайян гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 26-уми феврали соли 2018 сокини шаҳри Душанбе Хайриниссо Сўфиева барои дарёфти ёрии ҳуқуқӣ ба Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат намуд. Мазмуни муроҷиати ў чунин буд, ки 29-уми ноябри соли 2017 бародараш Сайдамир Сўфиевро ба шуъбаи милисаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон даъват карда, онҷо ба ў хабар додаанд, ки кадом як шаҳрванд Нуровро мошин зада куштааст ва шояд ба ин даст дошта бошад. Воқеан, бархўрд ба Нуров ҷой дошт, аммо дар соли 2016 ва бидуни натиҷаи марговар: он вақт Сайдамир Сўфиев Нуровро ба беморхона расонида, маблағи табобаташро пардохт ва баъдан то пурра шифо ёфтани ў аз аҳволи аҳли оилааш бохабар гашта, кўмаки пулӣ мерасонд. Барои чӣ акнун милитсионер Сўфиевро ба ёд овардааст, маълум нест.
Ба гуфтаи писари хрдии Сўфиев, падараш баъди баргаштан аз шуъбаи милиса сахт дар изтироб буд. Писарашро ба назди модараш фиристод, ки аз онҳо ҷудо зиндагӣ мекард. Ба хоҳараш Хайриниссо, ки дар Душанбе зиндагӣ мекард, занг зада, хоҳиш намуд, то духтарашро нигоҳубин намояд. Худи ҳамон бегоҳ ба анбори ҳавлиаш даромада, худро овехт.
Сўфиев дар бораи нуктаҳои пурсиш ба пайвандонаш чизе нагуфтааст, аммо дар номаи пеш аз маргаш навиштааст, ки корманди милиса ба ў барои бархўрди марговар ба Нуров таҳдиди 9 - 10 соли зиндон кардааст.
Аз рўи ин далел 20-уми декабри соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Восеъ тибқи моддаи 109-и КҶ ҶТ (Расонидан то ба худкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Аммо баъди гузаронидани як қатор амалиёти тафтишотӣ бо сабаби муайян нагардидани шахсияти нафаре, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешуд, 19-уми апрели соли 2018 дар бораи боздоштани тафтишот қарор бароварда шуд.
Аз болои қарори мазкур ба прокуратураи болоӣ шикоят карда шуд. Прокуратураи вилояти Хатлон маводҳои парвандаи ҷиноятиро омўхта, ин қарорро бекор кард ва маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ба муфаттиши Прокуратураи вилояти Хатлон супоридаву тафтишоти он аз сар гирифта шуд.