Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
19-уми июни соли 2018 Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рўи далели фавти Абдурасул Назаров бо моддаи 143, эзоҳи 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, сокини шаҳри Кўлоб Абдурасул Назаров, кибо оилааш муваққатан дар пойтахт зиндагӣ мекард, аз ҷониби кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид. 29-уми март ў аз ҷониби кормандони милитсия ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон расонида шуд.
Табибони шуъбаи қабул барои муайян кардани сабабҳои вафот ташхис гузарониданд. Хешовандони марҳум боварӣ доранд, ки Абдурасул Назаров дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. «Пеш аз гўронидан изи латукўбу доғҳо аз ҷониби мо наворбардориву акс гирифта шуд»,- мегўянд онҳо.
Ёдовар мешавем, ки 3-юми апрел Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои ҳимоя кардани ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсари Назаров хизматрасонии адвокатро пешниҳод кард.
Адвокат оид ба ҷиноят ва бо дархост дар бораи гузаронидани эксгуматсияи ҷасади А. Назаров бо иштироки ташхисгарони мустақил ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ариза пешниҳод кард.
Эксгуматсия гузаронида шуд, аммо бе ҷалби ташхисгарони мустақил. Айни замон натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ номаълум аст.
Тафтиши далели марги А. Назаров идома дорад.