Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон дархости муттаҳамон дар қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро, ки гуфтаанд, аз ҷониби маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, рад кардааст.
Мавлудхон Салихов, вакили дифои Умедҷони Амрохон, яке аз гумонбарони асосии қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ имрӯз, 19 апрел ба “Озодагон” гуфт, дар посухи Додситонии кулл омадааст, “дар амали маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ таркиби ҷиноят ошкор нашудааст”.
Қаблан 6 тан аз гумонбарон дар ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ зимни мурофиа дар додгоҳи шаҳри Душанбе изҳор доштанд, дар боздоштгоҳ аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ шиканҷа шудаанд.
Гумонбарон аз додраси парванда дархост намуданд, ки нисбати кормандони мақомот барои латту кӯбашон қарори қонунӣ қабул шавад. Додрас дархости ҷониби судшавандаҳоро барои тафтиш ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол намуда, то анҷоми он мурофиаҳои додгоҳиро ба таъхир гузошта буд.
Баъди таъхири чандрӯза, мурофиаи додгоҳии муттаҳамони қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ аз сар гирифта шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда барои Умедҷони Амрохон ҳабси абад талаб кардааст.
Мебоист пас аз зуҳри имрӯз, 19 апрел додрас ҳукми Умедҷони Амрохон ва 5 гумонбари дигари ин парвандаро эълон мекард, аммо ба иттилои Мавлудхон Салихов, бо далели тағийроти кадрӣ дар додгоҳи шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳӣ ба таъхир гузошта шуд.
Дар баробари Умедҷони Амрохон 5 нафари дигар – Шоҳинҷон Сафаров, Шарифҷон Раҳматов, Одилҷон Мирзоев, Наврӯзҷон Мирзоев ва Ҷумъахони Давлатшоҳ гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Қаблан Вазорати умури дохилӣ Умедҷони Амрохон, сокини 21-солаи шаҳри Кӯлобро муттаҳами асосӣ дар қатли кормандони комиссариат муаррифӣ кард. Тибқи иттилои ин ниҳод Умедҷони Амрохон ва Шарифҷон Раҳматов соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябри соли 2015 дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати мазкур - Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд онҳоро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Умедҷони Амрохон дар навори нашркардаи ВКД иброз намуда буд, ки “аз хона ба ҷои кор омада истода будем, ки шахсони номаълум омада, салом доданд. Чор нафар буданд, ҳар чорашонро бо кордча задам. Кордчаро як моҳ қабл аз бозор харида будам”.