Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Тавре раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2021 нисбати се корманди милиса ба иттиҳоми шиканҷа ҳукмҳои айбдоркунӣ бароварда шудаанд, ки бар асоси онҳо ба гунаҳгорон ба муҳлатҳои 10, 12 ва 13 сол ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ таъин гардидааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён номи маҳкумшудаҳоро зикр накард, вале эҳтимол сухан дар бораи қазияи Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода меравад. Суди Олӣ 17-уми июни соли 2021 нисбати собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров (кейси Эътилоф) гунаҳгор дониста мешаванд, аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ ҳукми айбдоркунӣ бароварда буд.
Ҳасан Ёдгоров соли 2017 бо иттиҳоми куштор шаш моҳ дар тавқифгоҳ қарор дошт ва пас аз боздошти қотили аслӣ раҳо шуд. Вай ба шиканҷа дар шуъбаи милиса тоб наоварда, ба нишондоди худиқрорӣ имзо гузошта буд.
Ш. Азизов - муфаттиши калони шуъбаи фаврии корҳои дохилии «Пахтаобод»-и шаҳри Турсунзода, С. Давлатмуродзода - ваколатдори калони фаврии кофтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, Э. Наимов - ваколатдори калони фаврӣ оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ мутобиқи моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.