Раҳимзода: Дар бораи дур шудан аз шиканҷа сухан мегӯям

Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба савол дар мавриди шиканҷа шудани гумонбаршудаҳо дар рафти тафтишоти пешакӣ гуфт, шояд гоҳ ҷое бошад, вале бисёр вақт тасдиқи худро намеёбад.

- Муроҷиатҳо дар ин бора тариқи телефон ва мактуб ҳам ба унвони вазир ворид мешаванд ва сари вақт мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд, вале муттассифона, тасдиқ намешаванд. Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳар рӯз, махсусан дар ҷаласаҳо, мушовараҳо ва таъиноту озодкуние, ки бо ҳузури ман гузаронида мешаваду дар ин бора сухан мегӯям, ин дур шудан аз шиканҷа аст. Роҳҳои кушодани ҷиноят хеле васеъ аст. Корҳои оперативӣ, тафтишотӣ ва дигар роҳҳое ҳастанд, ки бо кӯмаки мардум ҷиноятро мекушоем. Ман доимо таъкид мекунам, ки бигзор 100 ҷиноят ошкор нашуда монад, вале ҳеҷ гоҳ бо роҳи шиканҷа ҷиноятро ба касе бор накунем. Лекин мумкин гоҳе бошад ягон ҷое. Агар ба қайд гирем, пеши роҳашро мегирем, ҷазо медиҳем ва ба ҷавобгарӣ мекашем,- гуфт вазир.

Раҳимзода гуфт, вақте ҷинояткор дастгир карда шуд, вай ҳатман мегӯяд, ки «маро шиканҷа карданд, латукӯб карданд».

- Худаш одамро мекушад, ҳеҷ гап не, мегӯяд маро шиканҷа карданд. Худаш узви гурӯҳи террористӣ мешавад, вақте дастгираш кардӣ, мегӯяд маро шиканҷа карданд. Таҷовуз мекунад, овардӣ, мегӯяд маро шиканҷа карданд. Ҳамин хел ҳолатҳо зиёд аст. Мо чанд нафарро ҳам муайян кардем ва ҷазои интизомию дигар намуди ҷазоро сазовор дидем,- таъкид кард вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

NoTorture.Tj