Расидагии омбудсмен ба қазияи лату кӯби сарбоз

Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон далели лату кӯби сарбоз Меҳровар Мақсудов дар артишро, ки ба гуфтаи наздиконаш, аз ҷониби ҳамхизматҳояш лату кӯб шуда, сипас дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ шудааст, мавриди санҷиш қарор дод.

Дар сомонаи ин ниҳод дар ин робита қайд мешавад, ки санаи 26-уми марти соли ҷорӣ торнамои Радиои Озодӣ зери унвони «Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хостанд» матлабе нашр намуд, ки дар он аз лату куб шудани сарбози қисми ҳарбии 08010-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа Мақсудов М. хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон корманди масъули Дастгоҳи ВҲИ барои расидагӣ ба ин қазия ва санҷиши ҳолати воқеии сарбоз Меҳровар Мақсудов ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳии ноҳияи Рўдакӣ сафарбар карда шудааст.

«Зимни санҷиш нахуст аз суханони кормандони Беморхона маълум гардид, ки санаи 22 марти соли 2016 сарбоз Мақсудов М. бинобар муайян намудани ҳолати руҳӣ ва гузаронидани экспертизаи психиатрӣ барои муоина бистарӣ шудааст. Ҳангоми муоинаи сарбоз Мақсудов М. дар бадани ў осору нишонаҳои лату кўб ошкор нашудааст», - қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки сарбоз Мақсудов М. дар бинои 2-юми беморхона бистарӣ буда, зери назорати пизишкон қарор дорад. Зимни суҳбат Мақсудов М. низ мавриди лату кўб қарор гирифтанашро рад карда, иброз намудааст, ки нисбат ба ягон кас шикоят надорад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба ин қазия Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ изҳорот пахш намуда, дар он зикр гардида буд, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов бо бемориҳои нейроинфексияи гузаронидашуда (гулафшон) бо аломатҳои астеникӣ, бо мақсади муоина дар бемористон бистарӣ шуда, ҳангоми муоина маълум карда шуд, ки дар бадани ӯ нишонаҳои лату кӯб, ҷароҳати бурида, хуномусии баъди латхурӣ ёфт нашудааст. 

Asia-Plus