Article Pages

Иқтибос аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» (Қисми 14). Ҷараён ва натиҷаи пурсиш дар протоколи бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173-и КМҶ тартибдода инъикос карда мешаванд. Инъикоси нишондодҳое, ки дар рафти пурсиш аз шахс пас аз воқеан...

09.04.2024 - 13:51

Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 5-уми апрел вохӯрии корӣ баргузор кард. Иштирокчиёни вохӯрӣ медиа-стратегияи Эътилоф барои панҷ соли оянда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд. Медиа-стратегия ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои медиавӣ, ки бо масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон сарукор доранд, мусоидат менамояд, то...

05.04.2024 - 21:12

Рӯзи 5-уми апрел бо ташаббуси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуданд. Ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилоф машварат доданд. Дар доираи ин чорабинӣ зиёда аз 30 нафар шаҳрвандон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд. Саволҳо бештар ба...

05.04.2024 - 11:50

1. Ин Конвенсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳо боз аст. 2. Ин Конвенсия бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд. Моддаи 25-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф        

04.04.2024 - 10:42

4-уми апрели соли 2024 давоми ду соат - аз соати 09:00 то 11:00 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар назди бозори серодами «Панҷшанбе» бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбрниёни шиканҷа машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар маҷмуъ ҳудуди 12...

04.04.2024 - 09:27

Иқтибос аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» (Қисми 13). Шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда, танҳо ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои дар моддаҳои 91, 92, 94-и КМҶ пешбинишуда, дастгир карда мешавад. Дар ин хусус фавран дар...

03.04.2024 - 11:16

Кумита ба Давлатҳои аъзо ва Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид гузориши солонаро дар бораи фаъолияти худ тибқи ҳамин Конвенсия пешниҳод мекунад. Моддаи 24-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф            

02.04.2024 - 11:39

Рӯзи душанбе, 1-уми апрел Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тренинг-викторинаи “Асосҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона”-ро барои беш аз 20 нафар афроди ношунаво ва камшунаво баргузор намуд. Намояндагони ин қишри осебпазири аҳолӣ бори нахуст дар чунин тренинг иштирок карданд ва бо ин мақсад мутахассиси забони имову ишора Зебо Бидиева...

01.04.2024 - 11:27

Иқтибос аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» (Қисми 12). Мутобиқи талаботи қисми 3-и моддаи 22 КМҶ суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқҳояшонро фаҳмонанд...

01.04.2024 - 10:42

Аъзои Кумита ва комиссияҳои махсуси миёнарав, ки метавонанд мувофиқи зербанди е) банди 1 моддаи 21 таъин карда шаванд, ба имтиёзу масунияти экспертҳое (коршиносоне), ки бо супориши Созмони Милали Муттаҳид амал мекунанд, ба тарзе, ки дар фаслҳои дахлдори Конвенсия дар бораи афзалиятҳо ва масунияти Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ доранд. Моддаи 23-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва...

29.03.2024 - 10:16

Страницы