Дастгиршавӣ

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 13). Шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда, танҳо ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои дар моддаҳои 91, 92, 94-и КМҶ пешбинишуда, дастгир карда мешавад. Дар ин хусус фавран дар давоми 3 соат баъди гузаштани воқеан дастгиршавии шахс бояд протокол тартиб дода, ба муфаттиш ё таҳқиқбаранда барои ҳалли масъалаи дастгиршавии мурофиавии ў, супурда шавад.

Ба дастгиршуда тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 94 КМҶ протокол эълон карда, ҳамзамон ҳуқуқҳои бо қисмҳои 3, 4-и моддаи 46 КМҶ пешбинишуда, аз ҷумла ҳуқуқи даъват кардани ҳимоятгар ва дар ҳузури ў додани нишондод фаҳмонида, ин маълумот дар протокол сабт карда мешавад. Мутобиқи талаботи қисми 2-и моддаи 199 КМҶ ба шахсе, ки ба пурсиш даъват шудааст, хабар дода мешавад, ки ў ба ҳайси кӣ, аз рўи кадом парвандаи ҷиноятӣ пурсиш мешавад, ҳуқуқу ўҳдадориҳои ў, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида, дар ин бора дар протокол қайд карда мешавад.

Зери мафҳуми воқеан дастгир кардани шахс, маҳрум кардани ў аз имконияти озод гаштан ва анҷом додани ҳаракатҳои дигар тибқи иродаи худ (дастгиршавӣ, ҷисман нигоҳ доштан, дар манзили зист маҳкам кардан, маҷбур кардан ба ягон ҷой рафтан ё ин ки дар ҷои худ мондан ва ғайра) фаҳмида мешавад.

NotortureTj