Нишондодҳои бо роҳи шиканҷа бадастомада беасос шуморида мешаванд

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 14). Ҷараён ва натиҷаи пурсиш дар протоколи бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173-и КМҶ тартибдода инъикос карда мешаванд. Инъикоси нишондодҳое, ки дар рафти пурсиш аз шахс пас аз воқеан дастгир кардани ў бинобар сабаби гумонбар гардидан дар содир намудани ҷиноят бо роҳи шиканҷа дар шакли «баёнот», «ҳозиршавӣ бо иқрори гуноҳ», «пурсиш ба сифати шоҳид» ва амсоли онҳо ба даст оварда шудаанд, мутобиқи талаботи қисми 3-и моддаи 88 КМҶ беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд.

NotortureTj