Роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

"Эътилоф ба қурбониёни шиканҷа ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, мурофиаҳои судии стратегӣ пеш мебарад, муроҷиатҳоро дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ мекунад",- хабар дод Нурмаҳмад Халилов, раиси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни баромад дар конфронси "Мубориза бар зидди шиканча: таҷриба ва дастовардҳо, санаи 25 октябр дар Душанбе.

Тибқи суханони ӯ, ҳуҷҷатгузории муроҷиатҳо ба Эътилоф имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи шиканҷа дар кишвар иттилооти мустақим ба даст орад ва пешбурди мурофиаҳои судии стратегӣ – ба ташаккули таҷрибаи устувори татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа ноил шавад. "Аз ҷумла, дар давоми 2 соли охир беш аз 40 муроҷиатҳо оид ба ҳолатҳои эҳтимолии истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта шудааст (24 муроҷиатҳо дар соли 2021, 16 муроҷиатҳо дар соли 2022), - гуфт Нурмаҳмад Халилов.

Ба ақидаи ҳомии ҳуқуқ, ин рақам як қисми муайяни шумораи воқеии ҳолатҳост. Аз як тараф, арзу шикоятхо дуруст тафтиш карда намешаванд, аз тарафи дигар, аксарият бинобар тарс аз таъкиб хомуш монданро афзал медонанд.

Тибқи суханони Нурмаҳмад Халилов, дар соли гузашта Эътилоф мониторинги иҷрои тавсияҳои интихобшудаи сохторҳои Созмони Милали Муттаҳидро оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона анҷом додааст.

"Дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 Тоҷикистон гузоришҳои худро ба ҳамаи мақомоти шартномавӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба Кумитаҳои ҳуқуқи башари СММ, инчунин дар доираи Шарҳи универсалии даврӣ пешниҳод кардааст. Маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа (солҳои 2012 ва 2014) ду маротиба ба кишвар ташриф овард.

Дар ин давра ба Тоҷикистон беш аз 1000 тавсияҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла оид ба масъалаҳои гуногуни пешгирӣ ва муборизаи самаранок бар зидди шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона дода шуд, аз ҷумла:

- равшан тасдиқ намудани манъи комили шиканҷа;

- андешидани талошҳои бештар бо мақсади рафъи тафовут байни қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи шиканҷа;

– қабул намудани чораҳои самаранок барои решакан ва пешгирӣ намудани кирдорҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус ҳангоми ба ҳабс гирифтан дар шӯъбаҳои полис, боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва таваққуфгоҳи тафтишотӣ.

— таъмин намудани боздоштшудагон бо кафолатҳои асосии мурофиавӣ аз лаҳзаи воқеан маҳрум шудан аз озодӣ, огоҳ намудани боздоштшудагон оиди хуқуқи онҳо, қатъиян риоя намудани қоидахои бақайдгирӣ аз лаҳзаи баҳабсгирии воқеӣ.

- таъмин намудани баргузории тафтишоти фаврӣ, ҳамаҷониба ва беғаразонаи тамоми изҳорот оиди шиканҷа, инчунин таъмин намудани ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва шоҳидон аз ҳама гуна шаклҳои таъқибу фишорҳо", - ҳомии ҳуқуқ ба маълумоти ҳамагон расонд.

Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Хазинаи Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии конфронс аз муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон иборат буд.

Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятие, ки аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

NoTorture.Tj