Рӯзи байналмилалии бидуни зӯроварӣ - 2-юми октябр

Дар ин замонаи хатарнок ва тафриқаангез, биёед қувват пайдо кунем, то ба ранҷу азоб хотима бахшем, ба дипломатия афзалият диҳем, ихтилофҳоро бартараф созем ва ҷаҳони одилонаву устуворро бидуни ҷанг ва зӯроварӣ барои ҳама бунёд намоем.

Котиби Генералии СММ Антониу Гутерриш

«Бидуни зӯроварӣ»

Рӯзи байналмилалии бидуни зӯроварӣ 2-юми октябр, дар рӯзи мавлуди Маҳатма Гандӣ, пешвои ҷунбиши истиқлоли Ҳиндустон ва асосгузори фалсафаву стратегияи бидуни зӯроварӣ таҷлил карда мешавад.

Мувофиқи қатъномаи A/RES/61/271, ки Ассамблеяи Генералӣ аз 15-уми июни соли 2007 ҷашни онро муқаррар намуд, ин Рӯзи байналмилалӣ ҳамчун як имконияти дигар барои "таблиғи шиори бидуни зӯроварӣ, аз ҷумла тавассути фаъолиятҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум" хизмат мекунад. Дар қатънома "аҳамияти умумии принсипи бидуни зӯроварӣ" ва хоҳиши "таъмини фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, дарк ва бидуни зӯроварӣ" бори дигар тасдиқ карда мешавад.

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ҷаноби Ананд Шарма зимни муаррифиву пешниҳоди ин қатънома ба Ассамблеяи Генералӣ аз номи 140 муаллиф изҳор дошт, ки доираи васеъ ва гуногуни муаллифон нишонаи эҳтироми амиқ ба Маҳатма Гандӣ ва аҳамияти пойдори ақидаҳои фалсафии ӯ мебошад. Дар баромади худ ӯ суханони раҳбари марҳумро иқтибос овард: "Зӯроварӣ накардан бузургтарин қувва дар дасти башарият аст. Он аз харобиовартарин силоҳе, ки бо хиради инсонӣ тарҳрезӣ шудааст, пурқувваттар аст".

Маълумоти асосӣ

Роҳи зиндагӣ ва принсипҳои роҳбарии Маҳатма Гандӣ

Роҳи зиндагӣ ва принсипҳои роҳбарии Маҳатма Гандӣ, ки ба Ҳиндустон дар ба даст овардани истиқлол кумак кардааст, сарчашмаи илҳомбахши ҷунбишҳои бидуни зӯроварӣ дар саросари ҷаҳон барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва тағйироти иҷтимоӣ мебошад. Дар тӯли ҳаёташ, Гандӣ ба эътиқоди худ дар бораи бидуни зӯроварӣ, ҳатто дар муқобили зулми бераҳмона ва мушкилоти ба назар ҳалнашаванда содиқ монд.

Асоси назариявии баромадҳои ӯ, ки даъватҳо ба нофармонии оммавии шаҳрвандӣ бар зидди қонунҳои Бритониёро дар бар мегирифт, "танҳо маънои онро дорад, ки ба ҳадафҳои одилона оварда мерасонад" - яъне кӯшиши истифодаи зӯроварӣ барои бунёди ҷомеаи осоишта бехирадона аст. Ӯ бовар дошт, ки ҳиндуҳо набояд дар муборизаи худ барои озодӣ аз ҳукмронии мустамликадорӣ ба зӯроварӣ даст зананд ё нафрат дошта бошанд.

Таърифи бидуни зӯроварӣ

Принсипи бидуни зӯроварӣ, ки онро муқовимати бидуни зӯроварӣ низ меноманд, истифодаи зӯроварии ҷисмониро барои ноил шудан ба тағйироти иҷтимоӣ ё сиёсӣ рад мекунад. Ин шакли муборизаи иҷтимоӣ, ки аксар вақт ҳамчун "сиёсати мардуми одӣ" тавсиф мешавад, аз ҷониби оммаи васеи мардум дар саросари ҷаҳон дар мубориза барои адолати иҷтимоӣ қабул шудааст.

Профессор Гене Шарп, олими пешсаф дар самти муқовимати бидуни зӯроварӣ дар мақолаи худ бо номи "Сиёсати амалҳои бидуни зӯроварӣ" (The Politics of Nonviolent Action) ин таърифро истифода мебарад: "Амалҳои бидуни зӯроварӣ - усулҳое ҳастанд, ки бо кумаки онҳо одамоне, ки ғайрифаъолӣ ва итоаткориро рад мекунанд ва боварӣ доранд, ки мубориза зарур аст, метавонанд муборизаи худро бидуни зӯроварӣ анҷом диҳанд. Амали бидуни зӯроварӣ маънои кӯшиши канорагирӣ аз низоъро надорад. Ин танҳо посух ба суолест, ки чӣ гуна дар самти сиёсат самаранок амал кардан ва махсусан чӣ гуна самаранок нигоҳ доштани қудрат муҳим аст".

Гарчанде зӯроварӣ накардан аксар вақт ҳамчун синоними патсифизм истифода мешавад, аз нимаи асри 20 ин истилоҳ аз ҷониби бисёр ҷунбишҳое, ки тағйироти иҷтимоиро ҷонибдорӣ мекунанд ва фаъолияти зиддиҷангӣ ҳадафи асосии онҳо нест, истифода мешавад.

Моҳияти яке аз мавқеъҳои асосии назариявии бидуни зӯроварӣ дар он аст, ки қудрати ҳокимон аз дастгирии аҳолӣ вобаста аст ва аз ин рӯ, амалҳои бидуни зӯроварӣ метавонанд қудрати мавҷударо бо маҳрум кардани он аз дастгирӣ, инчунин тавассути амалҳои муштараки аҳолӣ пароканда созанд.

Се категорияи асосии амалҳои бидуни зӯроварӣ вуҷуд доранд:

- изҳори эътироз ва боварбахшӣ, бахусус баргузории раҳпаймоиҳо ва пикетҳо;

- ҳамкорӣ накардан;

- дахолати бидуни зӯроварӣ, ба монанди бастани роҳи ҳаракати нақлиёт ва ишғоли биноҳо.

www.un.org/ru/