Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1-уми июнро ба тамоми кӯдакону наврасон муборакбод гуфта, барояшон даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беолоиши тифлиро таманно дорад.

Кӯдакону наврасон ояндаи ҳаёти инсонӣ буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву омӯзиши онҳо вазифаи ҷонии давлат, насли калонсол ва оилаҳои ҳар як кадоми онҳост. Аз ин рӯ, умед бар он дорем, ки насли навраси Тоҷикистони азиз соҳиби иқболи нек ва идомадиҳандаи расму оинҳои ниёгонамон бошанд.

Ҳама рӯзатон пур аз хандаву нишот ва лаҳзаҳои пуртароват бошад, насли ояндасози миллат!

NoTorture.Tj