Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон!

Дўстон, шарикон ва ҳамкорони гиромӣ!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон табрик мегўяд.

10-уми декабри соли 1948 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кард, ки он ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсонро дар тамоми рўи ҷаҳон новобаста аз ҷойи истиқомату навъи машғулият, эътиқоду нажод, ҷинсу забон ва дигар фарқиятҳо дар бар мегирад. Аз он замон дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ 10-уми декабр ҳамчун Рўзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад.

Барои саҳми арзандаатон дар ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон самимона изҳори миннатдорӣ мекунем. Боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои созанда имконият медиҳанд, то ҳуқуқҳои инсон ва озодии ҳар як нафар ҳифз карда шавад.

Ба Шумо саломатӣ ва умедворӣ ба оянда орзумандем!

NoTorture.Tj