Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр

Рӯзи ҳуқуқи инсон ва Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

Ҳамасола 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳои глобалӣ дар ҷаҳон - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Дар ин санади таърихӣ ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як шахс, новобаста аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё дигар эътиқод, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, мақоми молиявӣ, синфӣ ва дигар мақом эълом карда шудааст.

Эъломия аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ дар Париж 10-уми декабри соли 1948 қабул карда шуд. Дар Эъломия аввалин шуда ҳуқуқҳои асосии инсон, ки таҳти ҳимояи умумӣ қарор доранд, муайян карда шуданд.

Ҳамчун “ҳуҷҷат, шартҳое, онҳоро ҳама халқҳо ва кишварҳо бояд риоя намоянд”, Эъломия намунаи глобалӣ барои қонунҳо ва сиёсатҳои байналмилалӣ, миллӣ ва маҳаллӣ ва асоси Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад.

Эъломияро назар ба дигар ҳуҷҷатҳои ҷаҳон бештар тарҷума мекунанд: матни он бо 577 забон мавҷуд аст.

Мавзӯи соли 2024: Ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо, худи ҳозир

Ҳуқуқҳои инсон ба одамон ва ҷомеаҳо қувват мебахшанд, ба онҳо имкон медиҳанд, ки ояндаи беҳтарро бунёд кунанд. Эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва боварӣ ба неруи тавонои он ҳамчун роҳи бунёди ҷаҳоне, ки мехоҳем дар он зиндагӣ кунем, ба мо кумак мерасонад, то онро боз ҳам осоишта, баробарҳуқуқ ва устувортар намоем.

Дар Рӯзи ҳуқуқи инсон мо зикр менамоем, ки ҳуқуқҳо роҳи ҳаланд ва ҳамчун қувваи пешгирикунанда, муҳофизаткунанда ва ифодагари некӣ нақши калидӣ мебозанд.

Ҳуқуқҳои инсон ҳар рӯз ба ҳар як нафар таъсир мерасонанд. Дар доираи чорабинии соли 2024 «Ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо. Худи ҳозир» мо маънои воқеии ҳуқуқи инсонро дар мисоли чолишҳои кунунии ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсир, дастовардҳо ва роҳҳои ҳалли амалии онҳо нишон медиҳем. Ин бор мо умедворем, ки ҳар як нафарро барои эътирофи аҳамият ва рӯзмарагии ҳуқуқи инсон илҳом бубахшем, муносибатҳоро бо роҳи мубориза бо стереотипҳои манфӣ ва тасаввуроти нодуруст тағйир диҳем ва кӯшишҳоро баҳри таҳкими талошҳои сартосарӣ барои ҳуқуқи инсон сафарбар намоем.

www.un.org