Рӯзи ҳуқуқи инсон - 2024

Ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо, худи ҳозир.

Дар бораи ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо. Худи ҳозир.

Ҳуқуқҳои инсон ба одамон ва ҷомеаҳо қувват мебахшанд, ба онҳо имкон медиҳанд, ки ояндаи беҳтарро бунёд кунанд. Эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва боварӣ ба неруи тавонои он ҳамчун роҳи бунёди ҷаҳоне, ки мехоҳем дар он зиндагӣ кунем, ба мо кумак мерасонад, то онро боз ҳам осоишта, баробарҳуқуқ ва устувортар намоем.

Дар Рӯзи ҳуқуқи инсон мо зикр менамоем, ки ҳуқуқҳо роҳи ҳаланд ва ҳамчун қувваи пешгирикунанда, муҳофизаткунанда ва ифодагари некӣ нақши калидӣ мебозанд.

Ҳуқуқҳои инсон ҳар рӯз ба ҳар як нафар таъсир мерасонанд. Дар доираи чорабинии «Ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо. Худи ҳозир» мо маънои воқеии ҳуқуқи инсонро дар мисоли чолишҳои кунунии ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсир, дастовардҳо ва роҳҳои ҳалли амалии онҳо нишон медиҳем. Ин маърака дар доираи изҳороти барномавии роҳбари Идораи ҳуқуқи инсони СММ Волкер Тюрк “Ҳуқуқи инсон: роҳ ба сӯи ҳалсозиҳо” ҷиҳати амалисозии ташаббуси «Ҳуқуқи инсон 75», ки ба 75-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, корашро идома медиҳад.

Ин бор мо умедворем, ки ҳар як нафарро барои эътирофи аҳамият ва рӯзмарагии ҳуқуқи инсон илҳом бубахшем, муносибатҳоро бо роҳи мубориза бо стереотипҳои манфӣ ва тасаввуроти нодуруст тағйир диҳем ва кӯшишҳоро баҳри таҳкими талошҳои сартосарӣ барои ҳуқуқи инсон сафарбар намоем.

Маводҳои визуалӣ ва рамзҳои чорабиниро аз Trello-и мо зеркашӣ кардан мумкин аст.

Муроҷиати видеоӣ ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон - 2024

Комиссари олӣ Фолкер Тюрк

Ҳуқуқҳои инсон ҳамчун қувваи пешгирикунанда, муҳофизаткунанда ва тағйирдиҳанда дар ҳалли мушкилоти мубрам нақши муҳим мебозанд.

www.ohchr.org