Рӯзи ҳуқуқи инсон: Сарвари СММ ба ҳимояи ҳуқуқҳо барои ҳозир ва ҳамеша даъват кард

Имрӯз мо бо ҳақиқати сахт рӯ ба рӯ мешавем: ҳуқуқи инсон зери хатар аст. Дар ин бора дар муроҷиати Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон гуфта шудааст.

Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 10-уми декабр таҷлил мешавад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳои ҷаҳонӣ - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Имсол ин рӯз таҳти шиори “Ҳуқуқи мо, ояндаи мо, ҳозир” мегузарад.

Ба гуфтаи сарвари СММ, даҳҳо миллион нафар аз нодорӣ ва гуруснагӣ азият мекашанд, системаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳолати вазнин қарор доранд ва нобаробарии ҷаҳонӣ ба сатҳи таҳдидовар расидааст. Илова бар ин, низоъҳо афзоиш ёфта, қонунҳои байналмилалӣ барқасдона нодида гирифта мешаванд ва авторитаризм мавқеашро мустаҳкам мекунад.

"Мавзӯи имсола ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳуқуқи инсон барои бунёди оянда - худи ҳозир муҳим аст",- эълом дошт Дабири кулл.

Вай таъкид кард, ки вақте як ҳуқуқ поймол мешавад, ҳама ҳуқуқҳои дигар, хоҳ иқтисодӣ ва хоҳ иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ поймол мешаванд. Аз ин рӯ, ҳама ҳуқуқҳоро ҳамеша ҳимоя кардан лозим аст.

Сарвари СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки ба таври қатъӣ амал кунанд: ихтилофотро ҳал намоянд ва сулҳро таҳким бубахшанд, бо камбизоатӣ ва гуруснагӣ мубориза баранд, дастрасӣ ба дору ва таҳсилро таъмин намоянд, демократия, озодии матбуот, ҳуқуқи занон ва коргаронро ҳимоя кунанд, ҳуқуқ ба муҳити тозаи зистро ба эътибор бигиранд ва ҳимоятгарони ҳуқуқро дастгирӣ намоянд.

«Дар Паймон барои оянда, ки ба наздикӣ кабул шуд, содиқ будани ҷомеаи ҷаҳон ба Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бори дигар таъкид шуд. Дар ин рӯзи муҳим ман ҳамаро даъват менамоям, ки тамоми ҳуқуқҳои инсонро барои ҳамаи одамон ҳифз намоянд»,- гуфт Гутерриш дар муроҷиати худ.

news.un.org