Рӯзи озодии баён муборак, рӯзноманигорон!

Муҳтарам кормандони ВАО, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии озодии баён табрик мегӯяд!

Дар ин марҳилаи мушкили пандемия мо мехоҳем ба шумо барои пешниҳоди иттилооти воқеӣ, боэътимод ва босифат дастгириву қадршиносии худро изҳор намоем.

Роҳбарони ҷаҳонӣ аллакай иқрор карданд, ки матбуоти озод барои вокуниши ҳаматарафа ба пандемияи COVID-19 аҳамияти ҳалкунанда дорад ва танҳо бо роҳи иттилоотноксозии ҷомеа мо метавонем дар оянда паҳншавии вирусро пешгирӣ карда, ба зиндагии пурарзиш баргардем.

Ба шумо ва оилаҳоятон аз самими қалб саломатии бардавом ва бурдборӣ хоҳонем! Худро эҳтиёт намоед!

NoTorture.Tj