Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мардуми сарбаланди тоҷикро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27-уми июн табрик мегӯяд!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарчашмаи сулҳу ваҳдат, ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардуми тоҷик аст. Ба шарофати суботу оромӣ дар ҷомеа, дастгирии ҳамдигар ва меҳнати созанда мо тамоми мушкилотро паси сар кардаву ба ҳадафҳои худ мерасем.

Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорем. Бигузор дар хонадонатон, дар ҳар як оила фазои ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад!

NotortureTj