Сарбози қаториро бо сигор шиканҷа карданд?

Сарбози қаторие, ки дар қисми ҳарбии 3503-и ВКД ҶТ дар ш.Бохтар адои хизмат мекунад, дар ҳар 2 пойҳояш нишони оташи сигор аст... 1 манбаи мӯътамад аз беморхонаи клиникии  №3-и ш.Душанбе занг зада хабар дод, ки сарбозеро бистарӣ кардаанд, ки дасташ осеб дида, дар ҳар 2 пойҳояш захми оташи сигор дида мешавад.

Рӯзи 5 август мухбири СССР барои тасдиқ кардани хабар ба аёдати сарбоз ба беморхона сафар намуд. Ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷра сарбоз бистарӣ буду корманди прокуратураи ҳарбии гарнизони ш.Бохтар аз ӯ маълумот мегирифт. Сӯҳбати корманди прокуратура 1 соат тӯл кашид. Бино ба иттилои дарёфтӣ, сарбози бистарӣ аз деҳаи «Овчӣ»-и н.Деваштичи вил.Суғд, Ҷобирҷони Бобосоҳиб, санаи таваллудаш 2000 аст. Сардухтур шӯъбаи осебшиноси дар сӯҳбат иброз дошт, ки сарбоз, 3 рӯз бистари буд ва кормандони прокуратура ҳарбӣ ӯро бо худ бурданд. Дар сӯҳбат иҷрокунандаи прокуратураи ҳарбии ш.Бохтар Тоҳирзода Шаҳбоз афзуд, ки ҳоло сарбозро аз беморхона ҷавоб додаанд ва ӯ дар прокуратураи ҳарбӣ қарор дорад. Тоҳирзода мегӯяд, баъди ташхиси тиббӣ табибон хулоса бароварданд, ки ин нишонаи оташи сигор на, балки 1 намуди касалии сироятист.

Подполковники қисми ҳарбии 3503-и ш.Бохтар Иброҳимзода низ мегӯяд, ин пайи оташи сигор нест ва ин 1 навъе аз бемории сироятист, ки чунин беморон дар қисми ҳарбӣ беш 10 нафарро ташкил мекунанд. Ҷобирҷон дар сӯҳбат бо мухбир бо тарс мегӯяд, ки «маро касе насӯзондааст ва осеби дастам ҳангоми машқ кардан шудааст. Маро командири част ваъда додааст, ки ба вил.Суғд гузариш (перевод) мекунад».

Тоҳирзода Шаҳбоз-иҷрокунандаи прокурори ҳарбии ш.Бохтар дар назди сарбоз афзуд, «новобаста аз ин, ки 1 бор ХАТО карду аз мо хоҳиш намуд, ки маро ба ш.Хуҷанд гузариш кунед. Мо афсарон ваъда додем, ки дар наздикии хонаат адои хизмат мекунӣ.»

Аммо сарбоз чӣ хато кард? Чаро ӯро дар ш.Бохтар бистарӣ накарданд? Чаро сарбоз ба Хуҷанд гузариш (перевод) мегирад? Шояд «таги коса нимкосае ҳаст?», ки барои лол будани сарбоз ӯро ба ш.Хуҷанд гузариш мекунанд. Аз сӯҳбати сарбоз эҳсос намудам, ки дар ҳолати шиканҷа қарор дошт, аммо онро пинҳон мекард…



Created with Admarket's flickrSLiDR.

http://www.cccp.tj/tj