Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сарбози қисми низомии 07017-и воқеъ дар ноҳияи Бохтари Вазорати мудофиаи ҶТ аз силоҳ ба сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ кард.
Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон, прокурори прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи аввали рӯзи 10-уми март миёни сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Илҳом Бобоев, ки дар навбатдорӣ қарор дошт ва Исломиддин Искандар муноқиша рух дода, дар натиҷа Бобоев аз автомат ба сӯйи Искандаров тир мепарронад. «Дар роҳ ба бемористони вилоят Искандар ба ҳалокат расидааст», - иброз дошт прокурор.
Ба гуфтаи ӯ, нисбати сарбоз И.Бобоев, ки якуним сол қабл аз Шаҳринав ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд, мутобиқи моддаи 104, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, суди ҳарбии гарнизони Хатлон барои ба ҳабс гирифтани ӯ иҷозат додааст.
Сарбози ҳалокшуда Исломиддин Искандар як сол қабл аз шаҳри Сарбанд ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд.