Шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон: табъиз, имкониятҳои нобаробар ва монеаҳо

Тибқи қарори 47/3-и Ассамблеяи Генералии СММ аз 14-уми октябри соли 1992, ҳамасола 3-юми декабр дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии маъюбон қайд карда мешавад. Мақсади он пешбурди ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа ба мушкилоти шахсони дорои маъюбият ба шумор меравад.

Хурсандиовар аст, ки дар Тоҷикистон қайд кардани ин рӯз на танҳо миёни ташкилотҳои шахсони дорои маъюбият ба анъанаи муҳим табдил ёфтааст. Ҳукумат беш аз пеш ба масоили ҳуқуқи шахсони дорои маъбият аҳамият медиҳад. Дар ҷомеа чунин дидгоҳ, ки шахсони дорои маъюбият қишри вобастаи чизеву касе ва ноуҳдабарои ҷомеа нестанд, онҳо шахсони комилҳуқуқанд, метавонанд таҳсил намоянд, меҳнат кунанд, дӯст доранд, оила барпо намоянд ва дар рушди давлат саҳми худро гузоранд, дастгирӣ ёфта истодааст. Тоҷикистон Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро 22-юми марти соли 2018 имзо кард ва айни замон ба татбиқи ояндаи он омодагӣ мебинад.

То имрӯз дар кишвар 148 ҳазор нафар бо шаклҳои гуногуни маъюбият расман ба қайд гирифта шудаанд ва қисми зиёди онҳо барои гирифтани маълумот, кор кардан ва худпешбарӣ дар ҳаёт имкониятҳои баробар доранд. Бисёр шахсони дорои маъюбият дар ҳаёти рӯзмарраи худ ба табъизи зиёд дучор мешаванд. Мавҷудияти монеаҳо, дастнорасӣ ба муҳит, нақлиёт ва иттилоот, набудани тарҷумонҳои забони имову ишора, имкониятҳои нобаробар ба нақзи системавии ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият оварда мерасонад.

Дар моддаи 6-и Эъломия зикр гардидааст, ки занону духтарони маъюб қишри бештар осебпазири аҳолӣ ба шумор рафта, аз рӯи маъюбият, нишонаи ҷинсӣ, инчунин бо дигар сабабҳо ба табъизи зиёд дучор мешаванд ва давлатҳои иштирокчӣ уҳдадоранд баҳри таъмини рушди ҳамаҷониба, беҳтарсозии вазъ, ҳуқуқ ва имкониятҳои занҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд, то ба онҳо амалисозиву пешбурди ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии дар Эъломияи мазкур воридгардида кафолат дода шаванд.

Тамоми шароитро муҳайё кардан зарур аст, то табъизи ҳуқуқи занони дорои маъюбият қатъ гардад. Монеаҳоро бартараф ва имкониятҳоро баробар кардан лозим аст, муҳити бидуни монеаҳоро миёни тамоми ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тандурустиву маориф, бо шумули машваратҳои занона ва таваллудхона ташкил кардан зарур аст, то занҳои дорои маъюбият барои интихоби қарори фардӣ оид ба интихоби касб, гирифтани маълумот ва дастрасӣ ба ҷои кор, дар бораи шумораи кӯдакон ва фосилаи таваллуди онҳо, масоили рафтор ва банақшагирии оила имкон дошта бошанд ва инчунин, баҳри амалӣ гардидани ин ҳуқуқҳояшон воситаҳои имконпазир муҳайё гардад.

NoTorture.Tj