Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шудааст, ахиран барои идомаи табобат ба маркази эҳёи шаҳри Хуҷанд оварда шуд.
Шаҳбол Мирзоев , сарбози маъюбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро аз манзили зисташ дар ноҳияи Ашт дубора ба Маркази реабилитатсионии шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.
Нӯъмон Мирзоев -- падари Шаҳбол Мирзоев рӯзи 2 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо машварати табибон барои идомаи табобат ва беҳбуд бахшидани ҳаракати дасту пойҳояш Шаҳболро дирӯз, 1 октябр ба Маркази реабилитатсионии Хуҷанд оварданд. Вай гуфт, ки Шаҳбол бояд дар ин марказ дастикам 12 рӯз табобат гирад.
Ба қавли падараш, ҳоло ҳаракати дастони Шаҳбол аз пештара дида, беҳтар шудааства худаш метавонад гӯшии телефонро бардошта, рақам бигирад ва гап занад.Аз зону поён ҳам ҳаракати пойҳояш андаке фаъолтар шудааст.
Волидони Шаҳбол изҳори умедворӣ мекунанд,ки дар маркази эҳёи Хуҷанд вазъи саломатии фарзандашон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки дар тирамоҳи соли 2013 баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд ва дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар канори Душанбе адои хидмат мекард, дар моҳи марти соли равон, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз тарафи сӯи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 маъюб шуд.
Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май ба Русия бурд ва дар ибтидои моҳи май дар бемористонинизомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав ҷарроҳӣ кард.
Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва беш аз 3 моҳи дигар ибтидо дар бемористони вилоятии Суғд ва сипас дар Маркази реабилитатсионии шаҳри Хуҷанд табобат гирифт.
Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев дар моҳи июн ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо додгоҳ дар масъалаи пардохти товони табобати ин сарбози марзбон, ки ба гуфтаи волидонаш, то имрӯз қариб 50 000 долларро ташкил медиҳад, ҳукми мушаххасе набаровард.