Шарҳи Парвина Наврӯзова дар бораи офиятбахшии тиббии шахсони дар муассисаҳои пӯшида ва ислоҳотӣ қарордошта

Коршинос Парвина Наврӯзова, ки рӯзи 10-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, дар бораи офиятбахшии тиббии шахсони дар муассисаҳои пӯшида ва ислоҳотӣ қарордошта сухан гуфт.

- Шахсони боздоштшуда, ба ҳабс гирифташуда, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд, ба кумаки табобатӣ-профилактикӣ ва санитарию профилактикӣ, ки мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳотӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Тартиби ташкили ёрии тиббӣ барои шахсони дар ҳабс нигоҳдоришавандаву адои ҷазокунанда ташкилу амалӣ мегарданд, ҳуқуқ доранд,- гуфт Парвина Наврӯзова.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии фаъолияти бахши тиббӣ таъмини кафолатноки кумаки аввалияи тиббӣ ба ашхосест, ки дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Вазифаҳои асосии бахши тиббӣ расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва амбулаторӣ, ташкил кардану гузаронидани муоинаи тиббӣ, ташкил намудану ба амал баровардани маҷмуи тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемиву тарбияи гигиенӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор мераванд.

Хидматгузории тиббӣ ба гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи вазоратҳои дахлдор, инчунин мутобиқи қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса сурат мегирад.

Коршинос чунин тавсияҳо дод: ёрии тиббӣ дар муассисаҳои пӯшида беҳтар карда шавад. Аз ҷумла, тасдиқ намудани нақшаи муоинаи даврии тиббӣ, ташкили назорати динамикии беморон, беҳтар намудани муоинаи тиббии беморони музмин, бо мақсади табобату офиятбахшии беморони музмин ташкил намудани тартиби физиотерапевтии табобат, беҳтар намудани назорат ва ташкили хӯроки айбдоршавандагону маҳкумшудагон.

NoTorture.Tj