Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоятҳо дар мавриди беҷазо мондани омилони марги Исмонбой Бобоев ва таъхиркории мақомоти тафтишотиро шарҳ додааст.
Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳамроҳи вакили дифоъ талош дорад, ки омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Эътилофи зидди шиканҷа аз қавли Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ҷабрдида хабар додааст, ки борҳо аз таъхиркориҳо ва таҳқиқоти бенатиҷаи марги Исмонбой Бобоев ба Додситони кул ва дигар ниҳодҳои Тоҷикистон муроҷиат кард, аммо натиҷае ҳосил нашудааст. Ӯ мегӯяд, ки ахиран алайҳи мақомоти тафтишотӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино муроҷиат кардааст, аммо додгоҳ дархосташро рад намудааст.
Суди Олии Тоҷикистон бо посухи хаттӣ ба Шарипов, ки охири ҳафтаи гузашта ирсол шудааст, шарҳ додааст, ки интиқоли парванда аз як муфаттиш ба дигар ва аз як ниҳод ба ниҳоди дигар салоҳияти мақомоти додситонӣ аст ва тавсия додааст, ки ба мақомоти салоҳиятдор шикоят бурда шавад.
Аммо Исмонбой Шарипов мегӯяд, Додгоҳи Олӣ муроҷиаташро хуб баррасӣ накардааст, зеро моҳият дар он буд, ки суди ноҳияи Сино зимни радди даъво алайҳи мақомоти тафтишотӣ санади заруриро содир накарда, бо ин ҳаққи ҷониби даъвогарро нақз кардааст. Ӯ ният дорад, бори дигар ба раиси Суди Олӣ дар ин бора шикоят барад.
Исмонбой Бобоев, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд 19 феврали соли 2010 вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегашт, аз сӯи Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфти вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуда, баъди якшабонарӯз ба таври мармуз фавтид. Мақомот сабаби марги Исмонбойро нафасгир шудан аз беморӣ номид, аммо падари ӯ иддао дорад, писараш ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шудааст.
Моҳи марти соли 2010 дар робита ба марги Исмонбой Бобоев шӯъбаи тафтишотии Додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Бар асоси ин парванда, Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешуданд. Наздикони Бобоев мегӯянд, ҷараёни тафтишот бо далели гӯиё бемор будани гумонбарон шаш маротиба ба таълиқ афтод. Дар пайи шикояти чандинбора ба Додситонии кулл моҳи октябри соли 2012 тафтишоти ин парванда аз сар гирифта шуд. “Аммо бо қарори ин ниҳод аз 30 октябри соли 2012, 25 феврали соли 2013 ва 1 апрели соли 2014 дар асоси бемории гумонбарон баррасии парванди Исмонбой бори дигар ба таълиқ афтод”,-мегӯяд вакили дифоъ.
Ба иттилои ӯ, Шӯъбаи тафтишотии ВКД 29 майи соли 2015 гуфтааст, тафтишоти парвандаи мазкур ба ин ниҳод гузаштааст ва то имрӯз ба саволи вакилони мудофеъ ва намояндагон бо такя ба он ки парванда дар баррасӣ аст, ҷавоб надодаанд.