Шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) гузориши даврии сеюми Тоҷикистонро баррасӣ кард ва як қатор беҳбудиҳоро дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мушоҳида намуд. Бо вуҷуди ин, Кумита аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс номутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад. Мушкилот аз ҳад зиёд пур будани камераҳо, шароити нокифояи моддӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, гармидиҳӣ, вентилятсия ва санитарӣ-гигиенӣ, дастрасии маҳдуд ба табобати бемориҳои сироятӣ, имконияти нокифоя барои сайругашт, фаъолияти фоидаовари ҷамъиятӣ ва мулоқот бо хешовандонро дар бар мегиранд. Кумита ба шароит дар зиндонҳои занона, ки дар онҳо норасоии кормандон ва нокифоягии хӯрокворӣ мушоҳида мешавад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.

Кумита тавсия дод, ки шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс бо стандартҳои байналмилалӣ, аз қабили Қоидаҳои Нелсон Мандела мутобиқ карда шавад, то равшанӣ, вентилятсия, шароити санитарӣ ва гармкунии камераҳо, хӯроки босифат, рахти хоб ва ашёи гигиенаи шахсӣ, инчунин дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, сайругашт дар ҳавои кушод ва мулоқот бо хешовандон таъмин карда шавад. Таваҷҷуҳи махсус бояд ба беҳтар кардани шароит ва афзоиши шумораи кормандони баландихтисос дар зиндонҳои занона мувофиқи Қоидаҳои Бангкок равона карда шавад. Ғайр аз ин, зарур аст, ки паҳншавии сил ва ВИЧ/СПИД назорат карда шавад, маҳбусони бемор аз маҳбусони солим ҷудо карда шаванд, ёрии тиббии махсус пешниҳод карда шавад ва ҳангоми қабул ба ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс санҷиши сироят гузаронида шавад.

Татбиқи ин тадбирҳо ба риояи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи саломативу бехатарии маҳбусон дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

NotortureTj