Шиканҷа дар Тоҷикистон дар Женева баҳс мешавад

Шашуми майи соли равон дар  Женева вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қарор аст дар он як ҳайат аз Тоҷикистон таҳти сарпарастии Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар ширкат кунанд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи 14 кишвари олам аст, ки бояд дар ҷаласаи ояндаи гуруҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба  ҳуқуқи инсон бознигарӣ шавад. 

Дар ин ҷаласа гузориши ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон, гузориши коршиносон ва гуруҳҳои мустақили ҳуқуқи башар ва  маълумоте, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдори дигар, ба шумули муассисаҳои миллии ҳуқуқи башар, созмонҳои минтақавӣ ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ироа шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар гузориши муқаддамотие, ки то кунун расонаӣ шудааст, омадааст, ки дар ин баррасӣ иқдомот барои лағви пурраи ҳукми қатл, нақзи ҳуқуқи занон, шахсони маъюб, шиканҷа дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо ислоҳот дар низоми адлияи ноболиғон, хушунат бар зидди занон, истифодаи меҳнати атфол, мустақилияти судҳо, вазъи озодии баён, маҳдудиятҳо дар озодиҳои динӣ, мубориза бо қочоқи инсон, таҳсил бо забони ақалиятҳои миллӣ, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва ғайра гузошта шудааст.  

TojNews