Шиканҷа вируси мудҳише мебошад, ки ваксинаи зидди он шаффофият аст. Хомӯш наистед!

Оё шумо медонед, ки дар дунё вирусе вуҷуд дорад, ки ҳар сол ҳаёти садҳо ҳазор одамонро ба марг мубтало месозад. Вирусе, ки асрҳо бо мо зиндагӣ мекунад. Вирусе, ки ҳар лаҳза метавонад ба ҳар як инсон сироят кунад: ба мардон ва занон, ба кӯдакон ва пиронсолон. Бо шустани дастон аз он наҷот ёфтан ғайриимкон аст. Ба он фарқе надорад, ки шумо ниқоб пӯшидаед ё на. Ҳеҷ гуна либоси муҳофизатӣ ҳам кумак намекунад. Ин вирус натанҳо саломатии инсон, балки ҳаёти вайро хароб месозад.

Ва мудҳиштар аз ҳама, одамоне, ки ин вирус ҳаёташонро тахриб кардааст, аз сухан гуфтан дар ин бора ҳарос доранд. Ин чунин маъно дорад, ки мараз ба афзудан идома медиҳад ва ба инсонҳо осеб мерасонад. Ҳатто ба онҳое, ки фикр мекунанд, ҳеҷ ҷои тарс нест. Ин ба онҳо дахл надорад.

Ин вирус шиканҷа аст. Ваксинаи зидди ин вирус вуҷуд дорад – шаффофият. Одамон бояд донанд, ки чӣ ҳодисаҳо ба вуқуъ меоянд. Шиканҷа хомӯширо дӯст медорад. Одамоне, ки шиканҷа мекунанд, вақте қаноатманданд, ки дигарон дар бораи ҷиноятҳои онҳо хомӯш меистанд. Зеро ба онҳо беҷазоӣ инъом карда мешавад. Беҷазоӣ дар навбати худ ҷиноятҳои навро ба амал меорад.

Мо хомӯш намеистем ва дар бораи шахсоне, ки дар кишвари мо қурбонии шиканҷа гаштаанд, қисса мекунем. Дар кишвари мо чунин ҳолатҳо ҳанӯз ҳам зиёданд. Шояд, худи ҳозир чунин вазъ бо дӯстон ё шиносҳои шумо ба вуқуъ омада истода бошад. Ва ягона роҳи аз шиканҷа пок сохтани низом сухан гуфтан дар бораи он аст.

Қиссаи саратоншиноси 33-сола, падари ду фарзанд

Хуршед – пизишки ҷавони боистеъдод, ки тибқи пешгӯии ҳамкасбонаш ояндаи дурахшон дошт, аз тамрин бозмегашт. Он рӯз Рӯзи ваҳдати миллӣ буд. Муҳити идона эҳсос мешуд. Дар маркази пойтахт патрули пурзӯри миллитсия гаштугузор мекард. Хуршед ба хона ба назди падару модараш шитоб дошт, ӯро дар сари дастархони идона мунтазир буданд. Ҷавон табассум мекард, тасаввур менамуд, ки ин дафъа модараш чӣ чизи болаззат омода карда бошад. Фикр мекард, ки набояд дар роҳ барои кӯдакон яхмос гирифтанро фаромӯш кунад.
Вай мехост такси гирад, вале ногаҳон садои яке аз патрулҳоро шунид:

- Эй, ту, ист!

Хуршед фикр кард, ки ин ба вай дахл надорад ва ба боздоштани мошин идома дод.

Ду нафар милитсионер ба назди ӯ омада, талаб карданд, ки чизҳои дохили борхалтаи варзиширо нишон диҳад.

Хуршед саркашӣ кард. Вай ба назди оилааш шитоб дошт ва намефаҳмид, ки чаро ӯро боздоштанд ва ин милитсионерҳо чӣ мехостанд.

Ӯро ба мошини милитсия тела дода дароварданд ва дигар Хуршедро касе зинда надидааст.

Экспертизае, ки пас аз марг анҷом дода шуд, нишон дод, ки мардро сахт латукӯб кардаанд. Духтуреро, ки метавонист ҳаёти садҳо нафарро наҷот диҳад, милисионерҳо аз ҳаёт маҳрум карданд.

Бо вуҷуди кумаки ҳомиёни ҳуқуқи башар ва истодагарии волидайни Хуршед, ҳеҷ кас барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Парвандаро чанд маротиба оғоз карданд ва бо тасвияи зерин қатъ намуданд: «бино бар муқаррар карда нашудани шахсоне, ки ба марги Хуршед шарик буданд». Дар айни замон, парванда ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ равона карда шудааст. Волидайн ва ҳомиёни ҳуқуқи башар то ба ҳол умедворанд, ки адолат дастболо хоҳад шуд.

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бо мақсади кумак расонидан ба қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо ва шахсоне, ки хоҳони барқарор гаштани адолат ҳастанд, таъсис дода шудааст.

  •   Ба саҳифаи мо дар FB обуна шавед: https://www.facebook.com/notorturetj.org
  •   Барои мубодила кардани қиссаи худ ё қиссаи шиносҳои худ ба почтаи notorturetj@gmail.com мактуб нависед ё ба яке аз телефонҳои боварӣ занг занед:

Дар вилояти Хатлон ва ВМКБ: +992 98 787 66 66

Дар вилояти Суғд: +992 98 787 33 33

Дар шаҳри Душанбе ва НТҶ: +992  98 708 76 76

Қиссаи Хушвақти наврас

Хушвақт навраси оддие мебошад, ки ба мисли ҳамаи ҳамсолони худ гаҷетҳоро дӯст медорад. Вақте ки як рафиқаш ба вай пешниҳод намуд, ки як телефони мобилии навро бо ними нарх харад, хурсандиаш ҳадду канор надошт. Наврас намедонист, ки шаби гузашта мағозаи деҳаро ғорат кардаанд ва акнун вай соҳиби телефони дуздӣ  шудааст. Хурсандӣ аз харид дер давом накард.

Нозири минтақавӣ, пас аз пурсиши сокинони маҳаллӣ зуд соҳиби ноболиғи телефони мобилиро пайдо кард ва хурсанд буд, ки парвандаро ба ин зудӣ маҳкам мекунад. «Чаро ман бояд худро дарди сар карда, дузди ҳақиқиро кобам? Каме ба кӯдак фишор меорам ва кор ҳал мешавад», - фикр кард корманди милитсия. 

Вай наврасро ба утоқи кории худ даъват намуд. Хушвакт, бо душворӣ ларзиши зонуҳояшро идора намуда, ба бинои милитсияи ноҳия дохил шуд, рақами утоқи додашударо дид ва дари онро кӯфт.

Милитсионер сарашро бароварда ба долон нигарист ва боварӣ ҳосил кард, ки наврас танҳо омадааст ва дарро аз паси ӯ пӯшид. 

- Хуб, нақл кун, ки телефонро чӣ тавр дуздидӣ, - то худи рӯи Хушвақт хам шуда, ба таври ҷиддӣ пурсид милитсионер.

- Ман надузд….

- Ҳайвон, росташро гӯй! –таҳдидомез сухани ӯро бурида, бо тамоми қувва бо мушташ мизро кӯфт. – Вагарна, ту намедонӣ ки ман бо ту дар худи ҳамин ҷой чӣ кор мекунам. Касе ба ту ёрӣ намерасонад.

- Аммо, ман дуздӣ накардаам, - овози Хуршед гиряолуд садод дод. – Ман ин телефонро харидам!

- Ту, ҳаром, хаёл кардӣ, ки ман сухани туро бовар кардам? 

Пурсиш якчанд соат давом дошт, пас аз он нозири минтақавӣ наврасро ҷавоб дод ва фармон дод, ки рӯзи дигар боз ба наздаш ҳозир шавад.

Хушвақт бо азоб то хона расид ва кӯшиш кард, ки худро дар оғилхона овезад. Вай аллакай ҳалқаро ба гарданш партофта, дар дил бо ҳама хайрухуш мекард, ки хушбахтона, хешовандонаш расида омаданд. Кӯдак дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона расонида шуд. Ӯро наҷот доданд, милитсионер бошад барои шиканҷа ба муддати 7 сол ба маҳбас маҳкум шуд.

  • Ба саҳифаи мо дар FB обуна шавед: https://www.facebook.com/notorturetj.org
  • Барои мубодила кардани қиссаи худ ё қиссаи шиносҳои худ ба почтаи notorturetj@gmail.com мактуб нависед ё ба яке аз телефонҳои боварӣ занг занед:

Дар вилояти Хатлон ва ВМКБ:  +992 98 787 66 66

Дар вилояти Суғд: +992 98 787 33 33

Дар шаҳри Душанбе ва НТҶ:  +992  98 708 76 76

Қиссаи Шарофат ва писари ӯ, ки дар зери шиканҷа худро гунаҳгор эътироф кард

Бадбахтӣ ба хонаи Шарофат ногаҳон омад. Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳ кормандони милитсия писари ӯ Ҳасанро бо гумони одамкушӣ боздошт карданд. Шарофат боварӣ намекард, ки писараш одамро кушта метавонист ва фикрҳои бадро аз сари худ дур мекард. Ҳасан чунин ҷинояти вазнинро иқрор накард, зеро, тавре ки баъдтар маълум гашт, вай онро аслан содир накарда буд.

Кормандони шуъбаи милитсия роҳи дигарро пеш гирифтанд: ҳар рӯз дар давоми ду ҳафта онҳо Шарофатро ба шуъба меоварданд, ба ӯ фишор оварда, маҷбур мекарданд, ки ба писараш туҳмат занад. Ӯро маҷбур мекарданд, ки чизҳои шахси кушташуда – дастпонаи тиллоӣ ва телефонро, ки гӯё вай пинҳон кардааст, биёрад. Аз саҳар то шом занро дар утоқҳои гуногун пурсиш карда, намегузоштанд, ки чизе хӯрад ё нӯшад. Ӯро аз ҳар тараф таҳқир мекарданд, яке аз милитсионерҳо ҳатто ба рӯяш туф кард:

- Эй, ту, қ.....қ, оне ки қотилро ба дунё овардаӣ, ба зудӣ аз паси писарат худат ҳам меравӣ, фаҳмидӣ! Дузди лаънатӣ!

Баъдтар ба шуъба духтари 8-солаи Ҳасанро оварда, дар ҳузури падар ва модаркалонаш таҳдид карданд, ки ӯро ба хонаи кӯдакон месупоранд. Духтарча аз тарс ғаш кард ва шабҳо дар хобаш пешоб мекард. Шарофат низ аз сабаби изтироби зиёд ба дарди гурдаҳо гирифтор шуд ва бисёр вақт ӯро дар хобаш сиёҳӣ пахш мекунад. Вай арақи хунук карда бедор мешавад, дар хобаш хориву зориҳои паси сар кардаашро аз нав аз сар мегузаронад. 

Ҳасан дар он вақт дар зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифт, шиканҷа бо ҷараёни барқро тоб оварда натавонист.

… Ҳашт моҳ пас, дар моҳи май Ҳасанро озод намуданд, чунки қотили ҳақиқиро пайдо карданд. Се нафар кормандони милитсия ба суд кашида шуда, муҳлат гирифтанд.

  • Ба саҳифаи мо дар FB обуна шавед: https://www.facebook.com/notorturetj.org
  • Барои мубодила кардани қиссаи худ ё қиссаи шиносҳои худ ба почтаи notorturetj@gmail.com мактуб нависед ё ба яке аз телефонҳои боварӣ занг занед:

Дар вилояти Хатлон ва ВМКБ:  +992 98 787 66 66

Дар вилояти Суғд: +992 98 787 33 33

Дар шаҳри Душанбе ва НТҶ:  +992  98 708 76 76

Мавод ба ифтихори Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, дар доираи лоиҳаи «Тақвият додани амалҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, омода карда шудааст.

NoTorture.Tj