Шикояти кассатсионӣ аз болои ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе

Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев аз болои ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носиров ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурдааст.

Тавре Дилшод Ҷӯраев изҳор дошт: "Мо аз Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорем, ки ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бекор карда шавад ва талаботи даъвогӣ барои рўёнидани зарари маънавӣ аз тарафи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра қонеъ карда шавад".

Ёдовар мешавем, ки 28-уми сентябр Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носировро ҷамъбаст кард. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим дархости наздикони Мақсуд Носировро оид ба рўёнидани ҷуброни зарари маънавӣ дида баромада, ҳаҷми ҷубронро 2000 сомонӣ муайян кард.

Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, дар суҳбат бо мо санаи 27-уми сентябр гуфта буд: "Умуман, суд зарари маънавиро қабул ва муайян мекунад ё не, ман аз рўи таҷрибаи кориам баҳо мегузорам. Аз рӯи таҷриба баҳои зарари маънавӣ бар зиммаи равоншинос гузошта мешавад. Ман махсус рӯзи 27-уми сентябр дар мурофиа зикр кардам, ки ҳодиса соли 2014 буд ва ташхиси судии ман баъди 2 сол гузаронида шуд, лекин баъд аз ду сол зарбаи равоние, ки одам гирифт, ҳамон зарба бо ҳамон қувваташ боқӣ мондааст. Барои инсон албатта ин бисёр бад аст, ки дар муддати ду сол ҳолати руҳияш барқарор нашуд".

Ҳамчунин, ин равоншиноси тоҷик зикр кард, ки «судя пешниҳоди маро шунид ва умедворам, барои барқарории ҳолати равонии Мурот Носиров талаби зарари маънавӣ аз ҷониби суд дастгирӣ меёбад».

Бояд гуфт, адвокат Дилшод Ҷўраев қаблан иттилоъ дода буд, ки аввали моҳи июли соли ҷорӣ бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба суд муроҷиат карда шудааст, то 429 ҳазору 400 сомонӣ аз ҳисоби Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошта буд, ки “мо интизор дорем талаботи даъвогиямон бо назардошти он зарари маънавӣ, ки ба даъвогар расонида шудааст, ба таври пурра аз ҷониби суд қонеъ карда мешавад. Ман чунин мешуморам, ки талаботи мо ба принсипи оқилонаву одилона ҷавобгӯ мебошад”.

Мурот Носиров, падари Мақсуд Носиров њам гуфта буд, ки “зарари моддию маънавиро ман талаб дорам, чизи дигаре не, ҳақиқат будагист. Ба суд бовар мекунам. Адолат будагист”.

Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо мақсади “тарбия намудан” сарбозони ҷавонро саф кашонда, ба гулӯву дигар аъзои бадани ҳар кадоми онҳо зарба заданд. Пас аз ин зарбаҳо сарбоз Мақсуд Носиров беҳуш шуда, ӯро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ӯ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рӯдаи борик ва ғайра) ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М. Юнусов ва Н. Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш. Нуров ва Б. Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор дониста шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

NoTorture.Tj