Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара иддао дорад, ки писари мактабхонашро корманди пулис дар дохили синфхона латту кӯб кардааст. Назари худи корманди милиса ба ин иддао маълум нест. Мақомоти корҳои дохилӣ иттиҳом нисбати ҳамкорашонро рад карда мегӯянд, дар ҳолати пешниҳоди номаи расмӣ суҳбат хоҳанд кард. Омбудсмени кӯдак мегӯяд, қазияро пайгирӣ мекунад.
Ҳодиса рӯзи 16-уми сентябр замоне сар задааст, ки дар пайи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон теъдоди зиёди кормандони пулис бо ҳадафи таъмини амният ба ин минтақа сафарбар шуданд. Аҳад Ғайбуллозода, корманди шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и шаҳри Исфара, ки гӯё бо хонандаи мактаб бадрафторӣ кардааст, дар ҷамоати Чоркуҳ ва ҳудуди мактаби рақами 64 маҳаллаи Сомониён қарор доштааст.
Алия Довудова, сокини маҳалла аз рафтори Аҳад Ғайбуллозода ба Шӯъбаи корҳои дохилии Исфара расман шикоят бурда, хостааст, рафтори афсари милисаро таҳқиқ кунанд. Довудова, ки худаш низ омӯзгор аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ду рӯзи ҳодиса писарашро барои ташхис ба бемористон бурд.
Ӯ афзуд: “Писарам мегуфт сарам дард мекунад ва як тарафи рӯяш кашида шуд. Баъди ренген аз онҷо ба милисахона занг задам ва онҳо ба мо гуфтанд, ки аз онҷо рост ба Шӯъбаи корҳои дохилии ҷамоати Чоркуҳ биёед. Онҷо рафтем ва аз ману писарам ҳодисаро пурсиданду навишта гирифтанд. Ҳамон ҷо як раҳбарашон гуфт, ки ман ӯро барои таъмини амнияти мардум фиристода будам, на ин ки рафта бачаи мардумро занад.”
"Туҳмат мекунанд, касеро назадааст"
Аммо масъулони Шуъбаи корҳои дохилии шумоари дуввуми шаҳри Исфара, ки кормандашон ба латту кӯби хонанда муттаҳам мешавад, ин иддаоро рад карданд. Як афсари шӯъба рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан Аҳад Ғайбуллозода корманди ин ниҳод аст ва афзуд: “Ҳеҷ кас, ҳеҷ касро назадаст, туҳмат мекунанд. Лекин ман чизе гуфта наметавонам, хаттӣ нависед.”
Алия Довудова мегӯяд, баъди шикояташ чанд нафар аз онҳо хостанд, аризаашро бозпас гирад: “Вақте дар шӯъбаи милиса худи ҳамон Ғайбуллозодаро дидам, гуфтам, наход писари маро, ки ятим асту падар надорад, занӣ. Гуфт, муаллима ман назадам. Ба ӯ гуфтам, писарам хурд нест, синфи 11 мехонад, наход дурӯғ гӯяд. Боз гуфтам, ки наход ту либоси ҳарбиро ба бар карда, нисбати фарзанди мардум чунин рафтор кунӣ. Аз ин гапи ман қаҳраш омад ва маро дашноми қабеҳ дод”.
Писараш Акбар Довудов гуфт, ҳодиса баъд аз он сар зад, ки дар соати дуюми дарсӣ, ки фанни таърих буд, каме дертар аз муаллима ба синфхона ворид шуд. Дермонияш ҳам ба гуфтаи худаш бесабаб набуд, зеро барои қазои ҳоҷат рафта буд. Ба гуфтаи Довудов, вақте баргашт корманди милиса дар дарс ҳузур дошт ва ӯро барои дермонияш сарзаниш ва латту кӯб кард: “Гуфт наметавонӣ, дар панҷ дақиқа коратро дар ҳоҷатхона тамом кунӣ? Духтарҳо онҷо буданд, аз шарм сарамро хам карда, нишастам. Чанд маротибаи дигар пурсид, ки панҷ дақиқа барои ҳоҷатхона бас набуд, ман ҳам гуфтам ки не. Баъди чанд маротиба задан савол дод, ман дигар аз тарс натавонистам, ба саволҳояш посух диҳам. Ин қаҳри ӯро бештар кард ва ман ҳарчӣ зиёд шатта мехӯрдам.”
Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари Аҳад Ғайбуллозода натиҷа надод.
Мақомоти риштаи маориф дар шаҳри Исфара бо ин ки ҳузури полисро дар дарс "ғайриқонунӣ" меноманд, аз вуқуи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд. Бобо Саидзода мудири маорифи шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора чизе намедонад ва "инро дақиқ карда, баъдан сӯҳбат мекунад”. Ӯ ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки ҳузури милиса дар синфхона ва дахолати ӯ ба кори талабаву омузгор чӣ назар дорад, мухтасар посух дод, ки “ин аз рӯи қонун нест”.
Баъди ҳодиса дигар наомад
Роҳбарияти мактаби № 64-и Чоркӯҳ мегӯянд, аз шикояти муҳассилашон огоҳанд ва интизори посухи мақомот мебошанд. Замирахон Усмонова, мудири мактаб рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, замони ҳодиса дар як ҷаласа қарор дошт. Хонум Усмонова дар посух ба суолки онки маъмури милиса дар мактаб чӣ кор мекард, гуфт: "Аз сабаби ин ки мо дар минтақаи наздимарзӣ ҳастем ва ҳар гоҳу ногоҳ муноқишаҳо сар мезанад, ба назари ман, милисаҳоро тақсим карда буданд, ки амнияти минтақаро таъмин кунад. Чанд рӯз дар мактаби мо буд, ҳаминҷо хоб мекард. Аз рӯзе, ки ин ҳодиса рух дод, милисаро надидам, дигар наомад.”
Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани назари раҳбарони Вазорати маориф ва Вазорати умури дохилӣ бенатиҷа анҷомид. Аммо мақомот қаблан гуфтаанд, ҳадаф аз тафтишу ҳузури кормандони пулис дар мактабҳо “ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон” аст. Дар гузашта ҳам нигарониҳо аз дахолати милиса ба кори мактабу омӯзгорон расонаӣ шудаааст, аммо латту кӯби муҳассил дар синфхона ва ҳам аз тарафи маъмури милиса камназир аст. Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, даст бардоштан ба хонанда ва ҳамагуна зуроварӣ ба онҳо ғайриқонунӣ аст. Омбудсмени кӯдак мегуяд, дар ин маврид ҳанӯз ба онҳо шикояте нарасидааст, вале омодаанд, ҳодисаро пайгирӣ ва аз ҳаққи навраси ҷабрдида ҳимоят кунанд.